Яғмогарон ва "умри абадӣ"
(ҳикояи ҳаҷвӣ)
Ба гӯшаш садои гуфтугузоре расид. Нимхез шуда гӯш ба қимор истод. Кунун ардабаи ду нафарро баръало шунид.
Кӯрпаро яктарафа партофта аз болин хест. Дар торикӣ пойафзолашро бо азобе ёфта берун баромад. Чароғчаи дастиву асоро бо худ гирифт. Барфи
майдае меборид. Зери по лағжонак буд. Чароғро фрӯзон насохт, то ҷанҷолкунандагон наздикшавиашро дарк насозанд. Аҷоибаш он
буд, ки садо аз назди ҷоҳи ӯ кофта меомад. Арбадакунандагон болои сарашон рост
шудани пайкарро дарк насохтанд. Онҳо якдигарро лагадкӯб мекарданд, дашном
медоданд, мегазидан, мехарошиданд. Қаддарозаш дастонашро ба бағали марди
кулӯлаи андохта фарёд зад:
- Те мегуям, номард, тиллоя пинҳон кардию боз мункир мешавӣ? Ман се соат замин кофтам, ки қоғазу китоб гирифта бароям.
- Дарози аҳмақ, худат бо чашмонат дидӣ, ки аз сандуқча китобу сурат ва боз
ким чи хел қоғазҳо баромад.
- Номард, Абдусаттори Нора аҳмақ ҳисоб кардаӣ, ки ду ҳафта шаби дароз замин
мекофтаасту баъд ким чи хел китобу қоғазҳоро гӯр мекардааст. Дароз ба доду
фиғони кулӯла нигоҳ накарда шиму эзорашро кашида дуру дароз афшонд, дид ки чизе
наафтид аз нав часпида куртаву ҷомаашро бадар сохт. Ин даъфа ҳам аз зар нишоне
набуд. Аз ноомадӣ ғайричашмдошт чун дарранда ба шӯр омада дастони хоколудашро
ба даҳони калта бурда забонашро аз он кашида берун овард аз зери он чизе наёфта
доду фиғонаш ба фалак печид. Калта аз ҷояш хеста либосашро ҷустанӣ шуд. Ногаҳ
нигоҳаш ба боло афтод. Суроби сафедпӯшро дида "воҳ" гуфту дар ҷояш
афтод. Дароз, ки ҳоло ҷустуҷӯйро идома медод, ва воҳ гуфтани ҳамроҳаш ба боло нигариста
"та...та...та..." гӯён дар ҷояш чун сутун сарнагун афтод. Суроб низ
дилашро дошта дар ҷояш нишаста монд.
Ҳабиб Саид, соли 1988, ш. Душанбе
Комментариев нет:
Отправить комментарий