Одамсурате, ки субҳгоҳон пайдо шешавад
(ҳикояи
илмӣ - фантастикӣ)
Гулхан бемадорона забон зада камарро андаке равшан месохт. Дуди ғализи ҳезуми тар барои худро ба берун гирифтан роҳ меҷуст. Аз паси қабатҳои тираи кабудчатоби дуд, ҷавони як паҳлу дароз кашида ба фикр фурӯрафтаро дарҳол пайхас намудан душвор буд. Риши теғ надида ҷеҳраашро ба назар калонсолтар вонамуд мекард. Абрӯвони сиёҳ, пешонии васеъ, бинии теғдори нафис, чашмони
хаёломез, манаҳи пурраи саҳл ба пеш баромада ба симояш матонату ҷиддияте мебахшиданд. Ранги сиёҳчатобгаштаи пӯсти рӯй, лабҳои кафидааш гувоҳи он буданд, ки дер боз меҳмони табиат аст. Чизе ба ёдаш расидагӣ барин хавотиромезона ба берун нигарист. Дуру дароз ба резиши борон гӯш андохта, гӯё аз дохили садои якранги он чизеро ҷудо кардани мешуд, вале онро дарк накард магар, ки маъюс гашт. Пои маҷруҳашро ба оташ наздиктар овард, то аз таъсири гарми шиддати дард каме ҳам бошад, пастар фарояд. Боз хаёлот ӯро ба оғӯши худ кашид. Гармии оташ ноаён ба бадани кӯфтаву абгоргаштааш асар карда ба рӯҳу ҷисмаш ҳаловат мебахшид. Пилки чашмонаш оҳиста ба ҳам хурда ӯро аз олами ҳастӣ ҷудо сохтанд. Чӯбҳои ғизои охиринашонро ба гулхан бахшида хомӯш мегаштанд. Раъду барқ ҳам аз набарди шабона гӯё хаставу беҳол гашта буданд, ки дигар аз худ дарак намедоданд. Торики номаълум бо субҳ ҷой иваз менамуд. Садои канда шудани санге, ки аз наздики омад, ҷавонро бедор кард. Нигоҳи хоболудашро ба сӯи баромадгоҳ равона сохт, касе наменамуд. Гумон кард, ки садоро дар хобаш шунидааст. Аз баромадгоҳ чашм намеканд. Нохост дар назди даромадгоҳ сиёҳие падид омад. Ин ташриф ҷавонро як қад паронд. Нимторикии субҳдам андомашро пинҳон месохт. «Кӣ бошад? – Ромин! Пас барои чӣ намедарояд?». Сиёҳӣ ҳамоно беҳаракат меистод. «Шахси бегона барин…». Оҳиста сарашро ба болин гузошт, то бедор буданаш ошкор нашавад. Сиёҳӣ қадам гузошту аз чизе дилпур набудаги барин, бозистод. Ҷавон дасташро ба ғилоф бурд, аммо ангуштонаш ба чизе барнахӯрданд, фавран ба хотираш расид ки ҳангоми ба дарё афтодан, кордро бо ғилофаш гум кардааст. Ноаён асои дар паҳлуяш хобидаро наздиктар кашид. Сиёҳӣ дид ки хафе таҳдид наменамояд, эҳтёткорона қадам гузошта вориди камар шуд. Шӯълаҳои охирини гулхани сӯхтаистода андомашро равшан сохтанд... Ҷавон аз ҳайрат моту маҳбут гашт. Вуҷудашро
карахтие фаро гирифт. Фикрҳояш дарҳам мепечиданд. Дар майнааш гӯё ҳама дар як
лаҳза посгуно шуд. Дастонаш аз итоат мебаромаданд. Сиёҳӣ нигоҳи тезашро аз ӯ
наканда ба лавозимоти сафарӣ, ки дар гӯшаи камар мехобид, эҳтёткорона наздик
шуд. Чанде ба тарафи “хоббурда” нигариста боварӣ ҳосил кард ки намеҷунбад, ба
кофтуков шурӯъ намуд. Чизҳои гирифтаашро синчакорона аз назар мегузаронид ва бо
эҳтёт бӯй кашида муаян мекард ки нолозимист, оҳиста ба ҷояш мегузошт...
Пешонаи тангу пасташро ожангҳои дурушти пайи
ҳам хобида зер карда буданд. Мӯйҳои чаккаш то болои абрӯвонаш мефаромаданд.
Абрӯвони ғафсу сиёҳаш болои чашмони беифодааш, ки ҷуқур ба косахонаашон
нишастаанд монанди соябон овезон мешуданд. Сӯрохиҳои бинии паҳну паҷақ нишонаи
он буд, ки соҳибаш дорои нерӯи беҳамтои ҷисмонист. Пӯсти рӯяш сиёҳу шахшӯл буд.
Устухонҳои барҷастаи рухсораҳояш чеҳраашро ба муғулнаждодон монанд мекард.
Лабҳояш аз тунукӣ қариб ба назар наменамуданд. Гардани серрагу паяш дар кифти
саҳл ба пеш хамидааш чунон номаълум менишаст, ки гӯё вуҷуд надошта бошад. Қафаси синаи паҳнашро
пашми зичӣ хокистарранг мепӯшид. Ҳамаи вазни баданаш ба зонуҳояш рост меомадагӣ
барин, онҳоро ба пеш мехамонд. Дастҳои дарозу нохунҳои тезу ифлос дошт. Ин афту
андоми ғайримуқаррарӣ, ки на инсон буданаш аён буду на ҳайвон буданаш, касро ба
даҳшат наоварда наметавонист. Ҳангоми бардоштаи чизе ба машомаш бӯйи шиносе
магар расид ки бо як ҳисси хурсандии ваҳшиёнае ба ҷустуҷӯй даромад ва дере
нагузашта аз дегчаи сафарӣ гӯшти тозаро берун овард. Дар чашмонаш шӯълае ки ба
дарандаи ба сайдаш дарафтода хос аст, пайдо гашт. Пораҳои гӯшти хомро зери
дандонҳои калон калони зарди бетартибаш гирифта дуруст нахоида саросема фурӯ
мебурд ва гоҳо ба тарафи “хоббурда” нигариста мемонд.
Ҷавон ҳаяҷонашро фурӯ нишонда худро ба даст
гирифт. “Ин хоб аст ё бедорӣ? . Наход ин сиёҳӣ ӯ бошад? Фурсатро аз даст додан
лозим не”. Ба нимторикии дохили камар нигоҳ накарда хост, ки дастгоҳи
наворбардориро, ки дар теғаи санге дуртар аз ӯ овезон буд, ба даст оварда
“меҳмон” - ро ба навор гирад. Чӯбро ба сӯи дастгоҳ дароз кард, аммо он кӯтоҳӣ
кард. Лаб зери дандон гирифта банданашро чанд ваҷаб ба пеш кашид, чӯбро аз нав
дароз кард. Ҳаяҷони ботиниаш ба чӯб гузашта онро меларзонд. Бо эҳтёткории
дучанд, ниҳоят бандро ба қӯшаи чӯб афтонд, вале қасд кардагӣ барин дастгоҳ
намебаромад. Маҷбур шуд ки боз хешро пеш кашида бо машаққати зиёде бандро
барорад, ғайричашмдошт дастгоҳ дар зери вазнаш сахт ба алвонҷ даромада ба девор
бархӯрд. Аз ин садои ногаҳонӣ “меҳмон”, ки пушт бар вай бо ҳузур нишаста, ба
хӯриш банд буд, гӯшти нимхӯрдашро партофта, чун тири аз камон ҷаста дар як
лаҳза худро беруни камар гирифт. Аз ин гуна бо суръати тез тағир ёфтанаи реҷааш
ҷавон худро гум накард. Ба асо такя намуда бо дасти дигараш деворро дошта
хестанӣ шуд, аммо ба дарди тоқатфарсои пои маҷрӯҳаш, ки дар вақти рост шудан
ҳамаи вазн ба он мефаромад, тоб наоварда болои ҷойгаҳ афтод. Ин лаҳзаҳо симояш
чӣ қадар оҷизию матиниродагиро таҷассум мекард. Палмосида аз нав ба девор
часпида қоматашро рост кард. Деворро дошта лангон - лангон худро то баромадгоҳ
расонд, “меҳмон” наменамуд. Ҷӯберо аз пеши пояш бардошта такякунон то лаби ҷарӣ
омад. “Меҳмон”- ро дид ки лаҳзае пас дар пистазори байни ҷарӣ пинҳон шуд.
Дақиқае фикр карда монду сипас баландиро давр зада гузашт, хост ба қуллае, ки
аз он ҷо дохили ҷарӣ нағз намоён буд, барояд. Барои ин пайроҳаи оҳугузарро паси
сар кардан лозим меомад. Муддате дудила шуда истод ва билохира ҷасорат ҷавонро
аз дасти беҷуратӣ раҳо сохта аз паси худ бурд. Бадани кӯҳро дошта хеле пеш
рафт, нафасашро рост карданӣ шуд, вале санги зери пояш, ки аз борони шабона
амонат гашта буд, беҷо шуда ӯро сарозер ҳамроҳаш ба поин кашид. Дар пеши
чашмонаш сангҳо пасопеши ӯ медавиданд.
Чашмонаш оҳиста во шуданд. Нигоҳаш дарҳол ба
шахсе ки пушт бар вай нишаста буд, бархӯрд. “Наход боз ӯ омада бошад?” Шахси
назди гулхан буда паҳлу гаштани ӯро пайхас намуд ми тарафаш рӯй гардонд.
“Ромин?” Ҷавон мадори сухане ба забон
оварданро надошт. Лабҳояш аз ташнагӣ ба ҳам мечаспиданд. Бо дасти харошидаву
хунолудаш бо обдони дар тасмаи Ромин овезон имо намуд. Ромин обро ба лаби ӯ
наздик овард. Ҷавон бо як ҳирси ба шахси дер боз дар биёбон рӯи нӯшокиро надида
хос обро нӯшиду сипосгузорона чамшмакӣ зад. Дақиқае нигоҳи саршори меҳрашро, ки
сояи ноаёни ҳайрату нобовариро дошт, аз Ромин наканда истод. Болояшро бо пӯстин
пӯшонд. Баъди чанде ӯро аз нав хоб бурд, ба болои лахчаҳо ҳезум партофт, акнун
тар будани пойафзолашро дарк кардаги барин, мӯзаҳояшро кашида ба дами оташ
гузошт. Пойҳои сурхшудаашро зери пӯстин гирифт. Забонаҳои ҷонгирифтаистодаи
гулхан чеҳраашро гоҳ дар нимторикӣ пинҳон
месохту гоҳ ба пеш мебаровард. Пешонаи васеъи ба оқибрафтааш дар худ
ожангҳои нозук дамидаро ҷой дода буд. Абрувони гиреҳаш ба симояш ҷиддият
мебахшиданд. Ифодаи чашмони ҳалимаш қатъияту матиниродагии ба фардони барояшон
дар ҳаёт монеъаҳо вуҷуд надоштаро инъикос менамуд.
Ҳезумҳои нимсӯхтаро болои оташ кашиду боз
ғарқи уқёнуси фикру андешаҳо гашт.
“Аҷоиб, чӣ ҳодиса рӯй дода бошад? Ба ҷарӣ фаромадан ба Парвиз чӣ зарурияте
дошт? Ё барои об? Не, ин тавр набояд бошад, обдон бо обаш дар ҷояш истодааст? Ё
касеро таъқиб кардааст? Киро? Дар ин макон ғайр аз мо дигар намояндаи “ҳомо
сапиенс” зиндагӣ намекунад. Кӣ омаданаш мункин ва барои чӣ? Ё худи Парвиз
чизеро кофтааст? Не, ӯ ҳеҷ гоҳ чизҳоро ин тавр паҳну парешон карда намепартофт,
ӯ ҳамеша покизакор буд ку”
Дар ҳамин вақт саг, ки дар даҳонаш чизеро
нигоҳ медошт, пайдо шуд ва бори овардаашро назди хеш гузошту дар қарибии гулхан
дароз кашид.
Ромин ба хаёл ҳам оварда наметавонист, ки
сабабгори ҳамаи ин бетартибву бенизомиҳо онест, ки чанд сол боз онҳоро дар ин
гӯшаҳои дур аз дунёи тамаддун сарсону саргардон месозаду вале аз вуҷуд доштанаш
дарак намедиҳад.
Далелу рақамҳое, ки олимони ҷавон ба шӯрои
илмии маркази палеонтологҳо пешниҳод карданд, дар асри мо вуҷуд доштани яке аз
намояндагони оилаи гомоноидҳо - неандарталиҳоро назариявӣ собит менамуд.
Аксарияти аъзоёни шӯро ба ин ақида бо шубҳа менигаристанд. “Чӣ хел мешудааст,
ки неандартали 500 – 700 ҳазор сол пеш аз рӯи замин нест шуда то кунун зинда
омада мерасидаасту вале илми муосир беахабар мемондааст. Аз нуқтаи назарияӣ
ақидаи мазкур ҳақиқатеро доро нест”
Гурӯҳи дигаре экспедидсияҳои Ралф Иззарад ва
Питер Брунро иқтибос оварда хотиррасон менамуданд, ки ҷустуҷӯйҳои аз тарафи
рӯзномаи “ Дейли Мейл” ва нафткаши миллионери амрекоӣ Томас Слика ташкил шуда
дар давоми корашон дар Тибет чизе ба даст наоварданд ва маслиҳат медоданд, ки
аз баҳри ин ҷустуҷӯйи бефоида бароянд. Қисми хурди олимон бо сарвари
сарпарасташон, палеонтолог Беҳрӯз Суғдзод фикри олимони ҷавонро ҷасурона аз
ҳуҷумҳои ҳамкасбонаш ҳимоя менамуданд. Шӯрои илмӣ ба ягон қарори аниқ омада
натавониста муҳокимаро ба рӯзи дигар мавқуф гузошт. Рӯзи дувум низ баҳсу
мунозира ба авҷаш расид, аммо ҳеҷ кадоме аз тарафҳо фикру хулосаи якдигарро
эътироф кардан намехостанд. Баромади муаллифони назария бояд ба баҳсу мунозира
равшание медаровард. Вақте ки Ромин ба минбар баромад, толоро хомӯшии том фаро
гирифт. Дар лаби баъзеҳо табассуми кинояомези боадабонае пайдо шуд.
- Аввало иҷозат
фармоед барои ширкат варзиданатон дар ин баҳсу мунозира, ки муаммои “одами
барфӣ” бархезонд, минатдории худро баён созам. Муаммои мазкур барои илм нав
нест, вале то ҳол баҳсҳо идома доранд. Мо ягон кашфиёти наве накардаем. Хизмати
хоксоронаи мо он шуд ки ҳамаи он чизеро, ки то ҳол дар гирди муаммои ҳалталаб
аз қаъри асрҳо то кунун ҷамъ шудааст, гирд оварда аз МЭҲ(ЭВМ) гузаронидем.
Машина “афсона” будани неандарталро инкор кард ва шумоён бо натиҷааш шиносед.
Кашфиётҳои Р. Лики назарияи антропологҳоро оид ба падари “ҳомо сапиенс” будани
неандартал барбод дод. Чӣ палеантология, чӣ антропология оид ба пайдоиши “ҳомо
сапиенс” ва оилаи гомоноидҳо ҳамеша ба далелҳои нав дучор мегарданд, ки онҳоро
дар ҳолати ногувор мегузорад. Дар бораи неандартал ҳоло тахминҳо вуҷуд доранд,
на ин ки назария. Аксарият онро хотиррасон менамоянд, ки неандартали 500 - 700
ҳазор сол пеш аз рӯи замин нест шударо дар қарни мо ҷустан оё хандаовар нест?
Аммо инро набояд фаромӯш кард ки баъзе маъхазҳои илмӣ 30 ҳазор солро тарафдорӣ
менамоянд. Ва ғарами осмонбӯси далелҳо зинда буданашро исбот мекунанд. Ба ин
муаммо ҳоло нуқта нагузоштаанд. Крал
Линней ҳангоми тартиб додани “Системаи табиат”- аш байни маймуну “ҳомо
сапиенс”, “ҳомо троглодитес” - ро ҷой дода чуни шарҳ медиҳад: ”Намуди зоҳириаш
ба одам монанд, баданашро пашм пӯшидааст, қобилияти суханронӣ надорад, зиндагии
шабона мебарад...” Пас Линней “ҳомо трогодиитес” гуфта киро дар назар дорад?
Диққат намоед, ҳамаи ин сифатҳо хоси неандартал аст. Табиатшиноси бузург дар
бораи махлуқи одамсурати дастнорас хабардор буд. Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” - аш
бисёр лаҳзаҳоро ба қалам додааст, ки қаҳрамононаш бо девҳо ба набард мебарояд. Девҳо маҳсули тахаюлоти ин даҳои
назм набуда, балки неандарталҳо буданд, ки дар он давр гурӯҳ - гурӯҳ дар дашту
биёбонҳо мегаштанд, вале тамаддун оҳиста - оҳиста онҳоро ба гӯшаҳои пойнарасида
танг карда баровард. На танҳо дар ашъори гузаштагони мо, балки дар аксарияти
осорҳои илмиву бадеии миллатҳои мухталиф бо ӯ дучор мегардед. Номҳое, ки ӯ дар
забонҳои гуногун пайдо кардааст, қариб як хел тарҷума мешавад: “Одами ваҳшӣ”,
“Одами ифлос”, “Одами даштӣ”. Пас “Одами даштӣ” гуфта киро дар назар доранд? Ё
одамоне, ки дар гӯшаҳои гуногуни дунё зисту зиндагонӣ доранд, наход забон як
карда бошанд, то ки мову шуморо аз паси изи нодуруст равона созанд? Қисме аз
рафиқон ин саволро ба миён гузоштанд, ки оё то имрӯз зинда мондани неандартал
мункин буд? Гарчанде, ки табиат бо сабабҳои гуногун бо мурури замон баъзе
намояндагони ҳайвоноту набототро пурра нест карда тавонист, вале гурӯҳе аз онҳо
дар гӯшаҳои мухталиф барои зинда мондан имконият пайдо карданд. Ба фикри
геофизикҳо ивазшавии чоруми қутбҳои замин, боиси нест шудани неандартал гардид.
Ивазшавии қутбҳо гарчанде ки сабаби аз байн рафтани баъзе намудҳои ҳайвонот
шуда бошад ҳам, вале ин ҷо далели нишонрасе вуҷуд надорад, ки ин тағийрот боиси
пурра нест шудани неандартал гардид, ҳоло он ки тахминҳои геофизикҳову
антропологҳо дар ин мавзӯъ ба ҳамдигар рост намеоянд. Дирӯз баъзе аз рафиқон
дар баромадҳояшон гаштаю баргашта экспедисияҳои Ралф Иззарад ва Петер Бранро
хотиррасон намуда изҳор намуданд, ки баъди бо дастони холӣ баргаштани гурӯҳои
мазкур, оё ба ин муаммо аз нав даст задан меарзад. Экспедисияҳои номбаршуда дар
ин соҳа нахустин қадамҳои ноустувори намояндагони илм буд. Сониян, гарчанде ки
вохӯрӣ муяссар нагардид, вале далелу рақамҳои зиёде ба даст даромад. Панҷаи
мӯмиёкардашудаи “миё ти”- ро, ки
буддоёни Панҷоб ҳамчун чизи муқаддас нигоҳ медоштанд, Бран ба даст даровард.
Осман Халл онро панҷаи дасти инсон эътироф намуд, аммо профессор Ҷорҷ Агоҷино
бошад, ба примати номаълум мансуб медонад. Ин ҷо ҳам фикри ягона нест. Дастаҳои
Поршнев, Тасал, Кофман, ки баъдтар дар ноҳияҳои гуногун ба ҷустуҷӯй шурӯъ
намуданд, низ далелу рақамҳои зиёде ҷамъ оварданд. Сабабҳои асосии нобарори
кори экспедисияҳои мазкур пеш аз ҳама шароити душвори баландкӯҳ, набудани
таҷриба дар ҷустуҷӯйи “одами барфӣ”, мӯҳлатҳои маҳдуд, шумораи зиёди
ҷустуҷӯйкунандагон ва набурдани кофтукоби шабона мебошад. Неандартал ин
мизантроп аст. Дар симои инсон ҳамеша душмани ашаддии худро мебинад. Шумораи
зиёди одамон ба ӯ шубҳанок менамоянд. Вохӯриҳо то кунун бо дастаҳои хурд
муяссар гардидааст. Ё рӯбарӯшавиҳои Хохлов, Мержинский ва Шербаковро, ки
матубот хабар додааст, наход афсона шуморед? Мо бисёр намудҳои ҳайвоноту набототро
аз байн рафта меҳисобидем, аммо вақте ки онҳоро ногаҳон кашф менамоянд, об ба
даҳон мегирем. Ҳол он ки дар бораи вуҷуд доштани неандартал бисёр далелҳои
инкорнашаванда мавҷуданд. Баҳсу мунозираҳои мо бисёр вақт ҳуҷраҳои кориро тарк
намекунанд. Наход аҳкомпарастӣ хиради моро банди худ кардааст ки чизеро
шунидану дидан намехоҳем. Агар илм бо як ду таҷрибаву санҷиш қомат меафрохт, ӯ
ҳеҷ гоҳ Илм шуда наметавонист...
Баромади олими ҷавон аксариятро ба андеша
намудан водор сохт. Дилетантҳо ҷойи нишаст намёфтанд. Шӯрои илмӣ ба эътирозҳо
нигоҳ накарда ба ташкил намудани экспедисияҳо рухсат дод. Чанд дастаҳои хурд
баробар дар ноҳияҳои гуногун ба кор шурӯъ намуданд. Ҳарчанд аз ҷустуҷӯйҳои дар
ноҳияҳои баландкӯҳ гузаронидаашон далелҳои зиёде ба даст омад, вале вохӯрӣ
муяссар нагардид. Ҷустуҷӯйҳои баъдина ҳам бенатиҷа анҷом биёфтанд. Баъди ҳар
бозгашт, онҳоро бо кинояҳои намакин, ки баъзеҳо махсус барои дӯстон ба намак
“хобонида” буданду соҳибонашонро бесаброна интизорӣ мекашиданд, пешвоз
мегирифтанд. Мироэкспедисияи навбатӣ ҳам ба охир мерасид, лек то ҳол натиҷае ба
даст надаромада буд...
***
Бедор шудани Парвиз ҷавонро аз банди фикру
андешаҳо раҳо намуд. Саг низ чашм кушодани маҷрӯҳро дида ба аккос задан даромад
ва гӯё бо ин хурсандиашро изҳор карданӣ мешуд. Парвиз бо дасти бемадораш сари
ӯро сила мекард. Саг аз ин навозиш болида вингосзанон сарашро ба бадани Парвиз
мемолид. “Ту ин ҷо мешудӣ, шояд ба ин ҳол намеафтодам”. Саг маънои суханонашро
фаҳмидагӣ барин лаҳзае бозистода ба ӯ нигарист. Ромиз чойи гармро ба ӯ дароз
намуду лаб ба сухан кушод:
- Туро танҳо
гузошта рафтем, фалокате аз набудани мо истифода бурдааст, ё ту худро ба комаш
андохтӣ? Ин суханони бо оҳанги нимшухиву нимҷиддӣ гуфта маҷрои фикрашро дарҳол
ба ҳодисаҳои субҳгоҳон рух дода баргардонд. Ба нуқтае чашм дӯхта кадом ҷузъи
ноаёни “хобро” равшан карданӣ мешуд. “Ман ку дар ҷарӣ мехобидам?...” Воқеҳоро
хираю нобоварона пеши назар меовард. “Наход ҳамаи ин хоб буд?” Ромин дид, ки
ҷеҳраи Парвиз ба худ ифодаи хираи шубҳаю нобовариро гирифт.
- Саҳар баргашта
туро наёфта ҳайрон истода будам, ки Тозӣ бо шаст ба камар зада даромад. Аз авзои беқарораш аён
буд ки чизеро медонад. Аз шимам дошта ба берун кашид. То лаби ҷарӣ аз пасаш
давида рафтам, каме истоду баъд аз пайроҳаи ниҳоят борик гузашта дар пистазор
пинҳон шуда рафт ва лаҳзае нагузашта баргашта дид, ки ман ҳоло ҳам дар ҷоям
истодаам ба аккос задан даромад. Аз рафтораш фаҳмидам, ки ту он ҷоиву ба ту
чизе рӯй додааст. Хайрият, ресмон дар миёнам будааст, ба харсанге халқа
партофта нишеб шудам. Маро ҳаяҷону тарс фаро гириф, ки туро дар кадом ҳолат
меёфта бошам. Дар назди буттае беҳушу беёд мехобидию Тозӣ болои сарат меистод.
Буттаю сангҳо баданатро харошидаву хуншор карда буданд. Инро бин ки кадом дасти
ноаёне туро аз ҷанголи марг кашида гирифтааст? Ғелида омада ба буттаи охирин,
ки баъди аз он ҷарӣ жарфо сар мешуд, руст мондаӣ...
Оромии дуру дарозе ба миён омад. Ромин ба
ҷеҳраи коҳидаи Парвиз, ки дар он воқеъҳои рӯзҳои охир пайи панҷаи хешро гузошта
буданд, ғамгинона нигариста монд. Ин нигаҳи саршори меҳру мухаббати бародарӣ
гувоҳи он буд ки соҳибаш дорои дили бузургу ҳасосест.
- Пас, ин ҷо кӣ
омада буд? – Саволи ногаҳонӣ Парвизро аз уқёнуси андешаҳо берун овард.
- Вай - гуфту ба
чизе бовариаш набудагӣ барин хомӯш гашт.
- Киро дар назар
дорӣ?
- Неандартал...
Хабаре ки ҳеҷ гоҳ
интизораш набуд, чун неруи барқ ба ӯ кора кард, парида аз ҷояш хест.
- Наход дишаб ӯ ин
ҷо буд?
Парвиз ба Ромини
даступогумкарда нигариста монд.
- Метавонӣ камарро
аз назар гузаронӣ, шояд изаш монда бошад...
Ромин ҳаяҷонашро
фурӯ нишонда ба ҷустуҷӯй даромад. Рӯшноии чароғча палмосида - палмосида камарро
чанд маротиба давр зада ниҳоят болои изи норавшани назди даромадгоҳ сабт ёфта
қарор гирифт. Нарангушт пурра пахш хӯрда, нақши аёне мондааст, вале пошнаи пой
норавшан буд. Ромин бо чароғи фурӯзон муддате беҳаракат истод.
- Бале, пайи ӯст.
Дигар махлуқ чунин нақш гузошта
наметавонад.
Парвиз бо тафсил
ҳодисаи дишабаро нақл кард. Ин вохӯрии ногаҳонӣ бо меҳмони олами афсонаҳою
тахминҳо онҳоро ба ҳаяҷону изтироб овард. Хомӯшии тӯлкашидаро Ромин вайрон
кард.
- Дишаб дар хаймаи
глясиологҳо чой нӯшида нишаста будам, ки оҳиста маҷрои сӯҳбат ба
микроэкспедидсияи мо гузашт. Баъди шунидани ақидаҳои ман дар лабони аксарият
табассум пайдо шуд, вале марде, ки дар кунҷ нишаста ба ҷубуқаш тамоку пур
мекард, то охир маро оромона гӯш карда истод ва баъд нобоварона чанд савол ҳам
дод. Ҷавоби ман магар дар хотираш воқеаеро зинда гардонд ми, хеле хомӯш ба дуди
тамоку чашм дӯхта истоду беҷуръатона ба сухан даромад: “Бист сол пеш дар дастаи
кӯҳнавардон, ки нияти фатҳи қуллаеро доштанд, ба сифати табиб ширкат
меварзидам. Боре чашми рӯз накафида ба берун баромадам. Тахминан садупанҷоҳ
дусад метр дуртар аз хайма сиёҳиеро дидам, ки ба коре машғул буд. Дар аввал
гумон кардам ки ягон рафиқамон будагисту бо сабабе ба берун баромадааст. Ҳамин
дам моҳтоб аз зери абрҳо берун омад. Дар рӯшноии он махлуқи одаммонандро дида
аз ҳайрат дар ҷоям шах шудам. Дар бораи вуҷуд доштани чунин махлуқ на шунида
будаму на хонда. Ӯ пасмондаи хӯроквории бароварда партофтаамонро истеъмол
менамуд. Пайдо шудани маро ҳоло пайхас накарда буд. Хостам, ки дар бораи ин
меҳмони аҷоиб ба рафиқонам хабар диҳам. Вақте ки онҳо бедор шуда ба берун
баромаданд, ӯ аллакай дар паси харсангҳо пинҳон шуда буд. Ба ҳоли ман хуб
хандида гуфтанд, ки чунин махлуқ вуҷуд надорад ва дошта ҳам наметавонад.
“Мункин ту ягон хирсро дидагистӣ” гуфта аз нав ба ҷойгаҳашон даромаданд. Қариб
бист сол мешавад ки ин вохӯрӣ маро ором намегузорад, ки он махлуқ чӣ буду кӣ
буд? –Инашро бин ки ӯ ҳамон шаб бо он махлуқ дар ҳамин дара вохӯрдааст.
Нишонаҳои номбаркардааш ниҳоят аниқанд, гарчанде ки аз масофаи дур дидааст.
- Ачоиб, ӯ шахси
сеюм аст ки ба ин дара ишорат мекунад ва қадам ранҷа фармуданаш, дурустии ин
хабарро тасдиқ менамояд. Зудтар ба ҷустуҷӯй шӯруъ карданамон зарур. Ҳар як
сонияву дақиқа барои мо барнагардандаанд. Ҳоло хӯрокёбӣ ниҳоят душвор, барфҳо
ба наздики аз ин ҷо бардошта шудаанд. Дигар ба вохӯрии тасодуфӣ умед бастан
ниҳоят хандаовар мебуд.
- Суханонат
дурустанд, Парвиз!Мутаассифона ҷустуҷӯйро бе ту давом додан рост меояд. Дирӯз
бо устод гуфтугузор карда ваъзиятро бепарда баён намудам. Он кас фаҳмиданд, ки
ту ин ҷо дар чӣ ҳолӣ бо исрор талаб намуданд, ки ҳар чӣ зудтар амалиётро қатъ
намуда ба марказ баргардем ва ғайричашмдошт ин вохӯрӣ баргузор гардид. Бинобар
ҳамин ба чархболе, ки фардо фуруд меояд, нишастанат ҳатмист. Ҳоли поят рӯз ба
рӯз бад шуда истодааст, фавран ҷароҳӣ гузаронидан лозим, дер шуданаш мункин.
Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин
фалокати имрӯза аъзои баданатро хароб
намудааст.
- Дӯстам фаромӯш
накун, ки ҷустуҷӯйро мо бояд ҳамроҳ давом диҳем. Ту аз ҳоли пои ман хавф набар,
ба худам низ осибе нарасидааст. Ҳеҷ гап не! Чанд рӯзи дигар тоқат кардан лозим
меояд...
- Чанд рӯз не!
Фардо ба чархбол мешинӣ! Мункин аллакай дер шуда бошад! Парвиз инро нағз
бифаҳм, ки ман дар ин шароит дигар хел рафтор намекунам ва карда ҳам
наметавонам.
- Агар ҷаноби
Мюнҳавзен дар қайди ҳаёт мебуданд, бе ҳеҷ дудилагӣ кулоҳашонро бо тантана ба
сарат мегузоштанд.Ҳолати маро аз ҳад зиёд пуробуранг намуда дар оинаи барҷаста
инъикоскунанда нишон додан чӣ даркор? Баъд аз пайдо шудани шӯълаи умед, ҳамаро
дар нисфи роҳ партофта рафтан сирф аҳмақӣ мебуд. Охир, ба пои ман ҳеҷ бало
назадааст ку? Ё ба асабҳои ту ҳамаи ин кинояҳои боадабонаву ҳолпурсиҳои дупӯста
кора намекунад.
- Ором шав, дӯстам.
Дида истодаам, ки воқеаҳои рӯзҳои охир ба ту бетаъсир намондаанд. Асабӣ шудан
даркор не. Бигзор биханданд. Хандае, ки на замина дораду на асос. Дар вақташ ба
Сиолковский гуфта буданд, ки аввал ба Моҳ парвоз кунед, баъд он тарафашро
мебинем. Ҳамаи онҳоеро, ки дар майдони илм бо мафҳумҳои барои дигарон хаёли хом
даст ба гиребонанд, чунин қисмат интизор аст. Ё Бӯалиро, Галилейро, Копернику
Носирро ҳаёту муҳит аз зери ин чарх нагузаронд?
- Андешаҳоят
дурустанд. Ман асло онҳоро инкор кардани нестам, лекин дар бораи парвоз
ҳуҷумҳоятро ба як тараф гузор. Ман ба ҳеҷ куҷо рахти сафар бастани нестам ва
баста ҳам наметавонам, сониян туро танҳо гузошта намеравам.
- Ташаккур! Вале
парвоз намуданат ҳатмист. Ту инро аз ман беҳтар мефаҳмӣ, аммо ба худ иқрор
шудан намехоҳӣ, ки маҷрӯҳ шудаию дигар ҷустуҷӯйро давом дода наметавонӣ.
Мехоҳӣ, ки ҳоло ман ба якравиат розӣ шуда рӯзе ба сарат балоеро орам. Инашро
фаромӯш накун, ки ту танҳо барои худат зиндагонӣ намекунӣ. Ин ҷо таваккал ба
кор намеравад.
Баъди ин суханон дар камар хомӯшӣ ҳукумфармо
гашт. Ин рӯбарӯшавӣ онҳоро ба худ оварда наметавонист. Бовариашон намеомад, ки
бо неандартали баҳри дигарон “афсона” вохӯрданд. Пас, ҳамаи ин азобу машаққатҳо
барабас нарафтаанд. Наход он қуллаи кӯҳи дастнорас, ки ҳама аз сангҳои
лағжонаку теғҳои ноқулай бунёд шудааст ва онҳо дандон ба дандон монда ҷаспида
ба он мебароянд, наздик бошад. Он қуллае, ки дар вақтҳои охир гоҳе дар
замирашон дар бораи ба вай расидан шубҳаю нобоварӣ пайдо мешуд, вале ҳамаи ин
аз ноосфераи ҳар яке берун намебаромад, то ки ба решаҳои мақсад теша назанад.
Дар ин лабиринте, ки ягон роҳи баромад ба назар намерасаду аз ҳар тараф монеъҳо
иҳота кардаанд, дар ақидаи худ устувор мондан оё бузургӣ нест? Бузургие, ки бо
фишурдани дасти бо меҳр дароз карда шуда, бо ифодаи чашмони бо боварию дилсӯзӣ
ба ту нигаранда рӯҳу ҷон мегирад. Бузургие, ки барои инсиноят чӣ фардҳои
беҳамтоеро наофаридааст. Ба ҳамаи ин, пайдоиш ин ниҳоли кӯчак дар биёбон
ғайриимкон аст. Дарахте, ки туфону буронҳо осебе расонида наметавонад, агарчӣ
ба шохчаҳояш зараре расад, ҳам вале ба решаҳояш панҷа дароз карда наметавонад.
Парвиз болои Роминро, ки ба борхалта сар
ниҳода хобаш бурда буд, бо боронӣ пӯшонд. “Бечора Ромин чӣ қадар сарсону
саргардон шуд. Агар ғарқ намешудаму расияро об намебурд, зарурияти назди
глясиологҳо рафта алоқа барқарор карданаш набуд. Маро рӯзҳои охир ким кадом қувваи
ниҳоние таъқиб карда истодагӣ барин, гоҳ ба ҷарӣ тела медиҳаду гоҳ ба дарё. Ё
ин санҷиши навбатии ҳаёт аст? Агар Зебо медонист, ки ман дар ин ҷо чӣ ҳолу рӯз
дорам, мункин дигар аз дар берун баромадан ҳам намемонд. Ҳоло бо Фирӯз назди
модарам дар деҳа мебошанд. Кампир келину небераашро бинад, ҷойи нишасташро
намеёбад. Чӣ тавр Фирӯз дар рӯи қолинҳои сабзи баҳорӣ аз паси баррачаю бузичаҳо
медавад, меафтад, мехезад, онҳоро бо дастчаҳои нармаш навозиш мекунад, ба
бағалаш гирифта назди модараш бурданӣ мешавад, баррача ҷаҳида аз оғӯшаш халос
хӯрда аз паси модараш медавад. Фирӯз гирякунон назди Зебо меравад, бо
ангуштчааш баррачаро нишон медиҳад, ки ӯро партофта гурехтааст...
Хаёлоту хотираҳои гуворою ширин ӯро ба дунёи
ишқу муҳаббат, орзуву армонҳо бурданд. Ҷаҳоне, ки дар он на муаммоҳо, на
ақидаҳо, на монеъаҳо вуҷуд доштанд.
Дӯстон дар оғӯши хоб буданд. Атроф ором буд.
Нишонаҳои аввалини субҳ намоён мешуд. Тозӣ чизеро ҳис кардагӣ барин, гӯшҳояшро
сих карда ба ғурунгос задан даромад. Фукашро ба дастони Ромин молида, ӯро бедор
кард. Ромин пай бурд ки Тозӣ наздик омадани чизеро пайхас кард. Бо боронӣ болои
Тозиро пӯшонида ишорат, намуд ки хомӯш нишинад. Парвизро бедор намуда ваъзиятро
фаҳмонд. Шарфаи пой аз наздик шунида шуд. Садо омада дар назди даромадгоҳ қатъ
шуд. Дар нимторикии субҳдам “меҳмони” дишабаро диданд, ки ҷуръати даромадан
намекард. Аз чизе хаф бурдагӣ барин нияти оқиб баргаштанро кард, Парвиз
дастгоҳи наворбардориро зери боронӣ гирифт, то ки ҳангоми наворгирӣ “меҳмон”-
ро нарамонад. “Меҳмон” эҳтёткорона қадам гузошта ба ҷои дишаба наздик омад.
Ромин Тозиро сар дода бо як ҳаракати барқосо худро назди даромадгоҳ гирифт. Аз
ин тавр, бо чунин тезӣ тағир ёфтани ваъият неандартал чун ҳайкал дар ҷояш шах
шуда монд. Тозӣ ба ӯ имконияти ҳаракат кардан намедод. Рӯшнои чароғ, ки Парвиз
рост ба чашмонаш равона мекард, ҳоли бе ин ҳам вазини ӯро вазнинтар мекард. На қудрати ҳаракат кардан
дошту на чизеро дидан. Ромин тӯри партофтаи Парвизро бо як тезӣ ба тарафи
неандартал андохт.Ӯ ҳис кард, ки ҷонаш дар хатар аст, зуд аз карахтӣ баромада
бо як чолокии дарандавор сарашро аз тӯр баровада бо ду ҷаҳиш худро назди
даромадгоҳ гирифт.Тозӣ фавран роҳашро баста баромаданӣ намемонд. Ромин аз нав
тӯр партофт, вале неантартал ин дафа ҳам хато хӯрд ба ҳуҷумҳои саг нигоҳ накарда
бо шаст худро ба берун зад. Ромину Тозӣ пасопеш ба таъқиб сар карданд, шоху
буттаҳо сару рӯяшонро харошида мегузаштанд. Ба навдаву сангҳои сарироҳӣ пеши по
хӯрда сонияе вазнашро гум карда мемонд. Пешбудагон наменамуданд. Ниҳоят лаҳзае
Тозию неандартал ба назар афтоданд, сонияе пас онҳоро харсангҳои пайи ҳам
хобида боз пинҳон сохт. Давидан сония ба сония душвортар мегашт, нафасаш
мегирифт.
Ангуштони пояш ба сӯзиш даромаданд. Бо
иродаи зиёде худро ба пеш мебурд. Тозӣ дар нишебии рост ба соҳил фароянда ба
неандартал расида ба банди пояш даҳон андохтанӣ шуд, вале ӯ зуд сангеро
бардошта ба сӯи Тозӣ ғурронд, Тозӣ фурсати хато доданро наёфту санг ба фукаш
бархӯрд. Дар ҷояш калавида монд. Аз даҳонаш хун омад, вингосзанон дар ҷояш
нишаст. Ва чун дид, ки неандартал дур шуд, аз нав ба таъқиб даромад. Ҳамин дам
Ромин дар сари нишеби пайдо гашта дид, ки неандартал барои аз дарё гузаштан
гузаргоҳ кофта истодааст. Дарк намуд, ки имконияти барнагарданда аз даст
меравад. Вақте ки ба соҳил расид, неандартал дар он тарафи дарё меистод. Тозӣ
лаб лаби соҳил давида аккос мезад, илоҷи гузаштан надошт. Об ниҳоят баланд
хеста буд. Ромин ниҳоят гузаргоҳи неандартал гузаштаро ёфт. Аз се санг ҷаҳидан
рост меомад. Ду санги аввалро бо осонӣ гузашт. Масофаи байни сангҳои дуюму сеюм
ниҳоят калон буд. Каме андешида истод. Таваккал кардан лозим меомад. Нигоҳаш ба
неандартал бархӯрд, ки оромона рафтори ӯро назора дорад. Диққаташро ба нуқтае
ҷамъ намуда майдончаи сатҳи сангро зери назар гирифта ҷаҳид. Пои чап ба
майдонча расидан баробар аз нами лағжида якпаҳлу ба даруни мавҷе, ки аз зери
санг фашшос задда мебаромад, даромада рафт. Сонияе боло баромаду боз оби сард
ӯро зераш кашид. Дар баданаш карахтӣ пайдо шуд. Талвосаи баромадан намуда ба
даст задан даромад. Лаҳзае Тозиро дид, ки қад қади дарё аз пасаш медавид.
Нохост сараш ба чизе бархӯрд. Пеши чашмонашро торикӣ фаро гирифт. Ҳис намуд, ки
аз мадор рафта истодааст. Дигар неру шино кардан надошт. Пай бурд, ки суръати
ҷараён паст шуда истодааст ва ӯро торафт ба поён мекашад. Даҳону биниашро об
зер кард, нафаскашиаш душвор мегашт. Ким кадом кунҷи майнааш наздик будани
маргро хабар дод. Наход сонияи охирин дарасида бошад?...
Нохост панҷаи гирое ба гарданаш ҳалқа шуд,
ӯро ба сӯяш кашид. Бозувони рустамонае ӯро ба оғуш гирифт.
Пилкҳои чашмонаш оҳиста бардошта шуданд.
Андоми тирае ба мадди назараш афтод. “Кӣ бошад?” Чашмонашро калонтар кушод.
“Худоё!” Неандартал чизеро пай бурд магар, ки бо осонӣ корди Роминро қат карда
шикасту ба наздаш ҳаво дод. Дақиқае ба ӯ нигариста истоду оҳиста дур шуд. Пас
аз чанде пайкари азимашро буттазорон дар оғӯши хеш пинҳон сохт.
Ҳабиб Саид, соли 1979, ш. Душанбе
Комментариев нет:
Отправить комментарий