суббота, 1 июня 2024 г.

Мулло дар шаҳрчаи кофирон

(Ҳикоя)

   Ӯ ҳар субҳ бо азони хеш шаҳрчаро аз хоб бедор месохт. Аксарият дашномкунон паҳлу мегаштанд, то боз ба олами хобҳои гуворо фурӯ раванд ё қисме нолон аз ҷой бармехостанд. Ҳангоме ки амри маъруф мекард, ҳамагон бо сарҳои хам ҳушу гӯш мешуданд, вале андар дил нисбаташ нафрат мепарвариданд. Ӯ рафтору кирдори гунаҳомехтаашонро зери тозиёна мегирифт. Ба моли бегонагону бечорагон даст наандозед. Ба зани ғайр дида надӯзед, буридаи ятимонро аз даҳонашон нарабоед, аз шаробу тарёк канор ҷӯед. Бо фосиқону нопокон ҳамнишин мабошед! Ойандаи хешро бинандешед, ки фардо назди Офаридгор чи посухе хохед дод...

   Ҳамагон нисбати мулло дар дил кина доштанд. Муаллимону зиёиён баҳри он ки дар дониш нисбати онон чанд сар боло меистоду чун ӯ дар сухан моҳиру ҷирадаст нестанд. Коммунистону думравонашонро он писанд набуд ки қатли ом, масҷидвалагорсозиву китобсӯзӣ, муллою эшонҳоро куштанашон, миллатро ба вартаи нестӣ равон намуданашонро гӯшрас  мекард ки мардумро аз роҳи Илоҳӣ дур сохта ба доми Иблис кашиданд. Фосиқону ҳамтабақашонро он ба ҳарос меовард ки кунун насли навин ба назари ҷадид ба онҳо дида медӯзаду арзишҳое ки як умр мепарастиданд, кунун коҳиш меёбанд.

 Ҳама дандон тез мекарданд, пайт мепоиданд, тӯдаҳоро алайҳаш мешӯрониданд. Ва он лаҳзае ки дер боз интизораш буданд, рӯзе фаро расид. Пас аз иҷлосаи таърихиашону “оши оштии хуҷандиён” коммунистону пантуркистон ба қатли омми рақибонашон пардохтанд. Масҷидҳоро ба оташ мекашиданд, муллою ришдоронро бо гуноҳи исломӣ буданашон, маҳв месохтанду пайравонашонро ба мошинаҳо тела карда ба самти ноъмалум мебурданд. Дар шаҳрча ҳамагон мамнун буданд ки навбати муллои онҳо расид. Муридон аз масҷид фирор мекарданд. Милитсия радиоаппратураро бо худ бурд, то садои азон меҳнаткашонро аз хоби гарон бедор насозад. Танобкашон оҷилан  ба тафтиши ҳуҷҷатҳои масҷид пардохтанд, то ба киссаи ки даромадани пайсаи ранҷбаронро муайян бисозанд. Ҳамагон интизор буданд ки кай дастаҳои низомиёни  Фронти халқӣ вориди шаҳрча мегарданду ҷазодиҳии исломиёну демократҳо оғоз мегардад. Пайи ҳам овозаҳо паҳн мешуд ки мулло пулҳои масҷидро гирифта ба Афғонистон гурехтааст, ё дастаи исломиёнро гирд оварда бар зидди Фронти халқии Кенҷаев рафтааст. Коммунистони шаҳрча пас аз машварати ниҳониашон ба хулосае омаданд ки корро тезонанд, вагарна мулло аз даст рафтанаш мункин. Наздикиҳои намози пешин гурӯҳи азиме ордену медалҳои хешро овехта назди дари масҷид ҳозир шуданд. Касе ҷуръати  ворид шуданро намекард. Ҳама якдигарро ба пеш ҳидоят месохтанд, то ӯ назди мулло дарояд. Билохир ба қароре наомада ҳамагон баробар вориди масҷид гаштанд. Саҳна холӣ буд. Лаҳзае ба ҳамдигар  нигариста монданду ба самти дари во равон шуданд. Муллоро диданд, ки ба ибодат банд буд. Мулло намозашро ба анҷом расонду дар рӯйи ҷойинамоз нишаста монд. Фосилае пас саҳл ба пас тобхӯрда:

-Ҳа, омадетон мӣ? Мо тайёр!

Ниқорталабон чунин гардишро интизор набуданд. Ҳама хомӯш намедонистанд, чи бигуянд. Мулло аз ҷояш бархост.

-Чӣ хомӯшед? Маро беҳтараш дар ҳамин ҷо паронед, ҳам барои шумо осонтар меафтаду ва ҳам  баҳри ман беҳтар ҷойе мебуд, зеро маргро аз дасти душманони ислом дар хонаи Худо қабул кардам.

Диданд, ки сайд ихтёран вориди дом гаштаистодааст, коммунистон рӯҳ гирифтанд.Сарварашон бинии арғувониашро молида ба пеш баромад.

-Мо бояд суди умумихалқӣ ташкил кунем, то халқӣ меҳнаткаш ҳамаро бо чашми худ бубинаду худаш қарори одилона барорад.

Мулло дуру дароз бинисурхро назора намуда ба чашмонаш нигараст.

-Бо кадом гуноҳ дар кадом асос маро назди мардум суд карданиед?

-Гуноҳҳо бисёр!Мардуми меҳнаткашро барвақт аз хоб бедор мекунед, намегузоред, ки ҷавонон зиндагии озодӣ сотсиалистӣ баранд, бетартибӣ ба он дараҷа расидааст, ки ҷанозаи коммунистонро маън сохтед. Вақтҳои охир сафи ҷавонони намозхон даҳчанд афзудаанд, ки ин мо коммунистону ветеранҳои ҷангу меҳнатро ба ташвиш овардааст. Ҳатто мактаббачагон ҷойнамоз ба даст гирифтаанд.

-Худо худ шоҳид аст, берун аз таълимони илоҳӣ гоме ба самте нагузоштаам. Магар бад аст, агар одамон бармаҳал аз хоб хезанд, зеро файзи саҳар дигар аст, ё ҷавонон аз ҳар гуна заҳрҳоии ҷаҳони ғарб ки бо номи ишқӣ озоду ҳар гуна фисқу фуҷур, хешро канор гиранд, оё ин ғамӣ фардои миллати худро хӯрдан нест? Агар ҷавонон ба хонаи Худо қадам ранҷа фармоянду ба ибодат пардозанд ва бо дилу нияти пок аз ин ҷо берун раванд, магар ин ба фоидаи ҷомеаю миллат нест? Онҳое ки дини мубини исломро зери пой намуданд, масҷиду китобҳои мукаддаси моро оташ заданд, нашармида вуҷуди Худованди меҳрубонро инкор менамоянд, пас мусулмон ба ҳисоб намераванд, чи тавр онҳоро чун мусулмон дафн бинмуду ҷанозаашонро бихонд. Шумоён ба чор тараф ҷор мезанед, ки Худо вуҷуд надораду бобои мо бузина буд, пас шумоёнро чун  бузина дафн бинмуд. Ва имрӯз шумо омадаед, ки маро дар назди халқ суд бинамоед. Оё ба ин ҳуқуқи маънавӣ доред? Шахсан шумо мӯҳтарам Норқул Мустафоқулов имрӯз тӯдаи бехудоёнро ба сари ман бардошта овардеду ва худро инсони пок метарошед? Оё падари шумо набуд ки дар солҳои ҷанг бечорагонро ба ҷойи хешу табори худ ба фронт равона мекарду зану духтаронашонро ба ҳамхобаи хеш табдил дода буду аз зарбаи қамчинаш аз бадани бечорагон хун мешорид. Гузаштагонатон хуни ятимону бевагонро макида давр ронданд. Ва имрӯз шумо анъанаи гузаштагонатонро идома медиҳед.Бояд чун шумоёне ки хуни мардумро мемаканд, суд кард, на маро.

Хомӯшии ногуворе ба миён омад.

-Чӣ хомӯшед? Баред! Агар халқ хоҳад ки маро суд бинмояд ман омодаам. Мулло дид ки коммунистон карахтанд худ пеш даромад ва коммунистон аз пасаш равон шуданд. Раҳораҳ издиҳом сония ба сония меафзуд ва ин коммунистонро рӯҳбалан менамуд. Кунун онҳо бовиқорона ба чор самт нигоҳ меандохтанд.Тӯдаҳо дар назди ҳайкали доҳиашон ки дар маркази шаҳрча воқеъ буд, қарор гирифтанд. Коммунистон аз рӯйи анъанашон фавран ба минбар баромада саф кашиданд. Мулло дар иҳотаи ниқорталабон меистод. Тӯда мамнун буд ки он сонияе ки орзуяш мекард, даррасиду бо нафрат ба муллоро назора карда аз хурсанди дастонашонро бо ҳам молиш медоданд. Пешвои коммунистон риштаи суханро ба даст гирифт.

-Халқи азизам, он рӯзе ки дар орзуяш будем фаро расид. Имрӯз рӯ ба рӯят душмани ғадорат истодааст ва мо бояд ҳисобамонро бо душмани сохтори советӣ баробар созем. Падари бузургворам Мустафоқули НКВД барои онки дар сарзамини гулгулафшони мо сохтори сотсиалистиро барпо созад, бародарони русамонро раҳнамо шуда, ҳазорҳо чунин муллою эшонҳоро несту нобуд сохт, то мо ба фардои дурахшони коммунизим бирасему ишакамамон рӯйи серию пуриро бинад. Сиёсати раҳмати чунин зӯр буд ки душманони сохтори мо номи Мустафоқули НКВД-ро мешуниданд дар эзорашон тар мекарданд. Ман анъанаи падари бузургворамро идома дода бо дасти худ садҳо салладорро дар маҳбусхона пусондам, то халқӣ азизам  осуда зиндагӣ намояд. Имрӯз дар сафи пеши шумоён фарзандонаму наберагонамро мебинам ин далели он аст ки онҳо анъанаҳои бобову падарашонро идома хоханд дод. Ва намегузоранд, ки чунин душманони халқ сабзанду  дастовардҳои сотсиалистиро зери пой сохта ранҷҳои доҳиёни мо Ленину Сталинро ба бод дода меҳнаткашонро роҳгумзанонад. Ҳар рӯз мову шумо хабарҳои тоза мешунавем, Фронти халқии мо ки бо сарварию кушиши фарзандони азизи мо Исломҷон Каримов, Сафаралиҷон Каримов ташкил шуд, сония ба сония ба шаҳрчаи мо наздик меояд. Ва то расидани қадами мубораки азизон, дар шаҳрчаи мо ягон исломӣ зинда намонад.

-Марг ба душманони халқ!

-Марг! Марг! Марг!

-Марг ба миллатчиёне ки давлати бузурги тоҷиконро сохтан мехоҳанд! 

-Марг! Марг! Марг!

- Марг ба дини ислом, ки моро аз ҳаёти гулгулшукуфони сотсиалистӣ ба пас гардонданист!

-Марг! Марг! Марг!

-Марг ба Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода паҳнсозандаи  дини ислом дар кишвари мо!

-Марг! Марг! Марг!

-Марг ба Давлат Худоназар, Давлат Усмон, Тоҳир Абдуҷҷабор, Шодмон Юсуф ҷосусони Эрону Арабистон!

-Марг! Марг! Марг!

-Марг ба Бозор Собир шоири муллоҳо!

-Марг! Марг! Марг!

-Марг ба Эрону Афғонистон паҳнсозандаи вируси даҳшатангези дини ислому миллатчигӣ!

-Марг! Марг! Марг!

-Марг ба “Чароғи рӯз”, “Адолат”, журналистоне, ки бо муллоҳою миллатчиён ҳамкорӣ мекунанд!

-Марг! Марг! Марг!

   Издиҳом фарёд мекард, чашмҳо хун мегирифтанду бинҳо чун бини дарандагони сайдро дида медамиданд. Аввалин шуда ба самти мулло сарвари коммунистон санг андохтанд ва издиҳом  низ ин ишораро интизор буд. Селаи сангу кулух пораҳои хишту шиша ба сари мулло фурӯ рехтанд. Ӯ дар ҷояш афтид, вале издиҳом ором намегашт. Аз куҷое бо мошини “ёри таъҷилӣ” санг оварданд ва  сангсоркунандагон ба самти машина давиданд, то соҳиби чанд санги дигаре шаванд. Мулло бо сару рӯйи хуншор нимхез шуд. Издиҳом аз сангғурони боистод.

-Шумо тоҷик нестед! Саҳронишиноне, ки худро тоҷик мехонед! Дар шараёнҳои шумо хуни Чингизу Темур дар гардиш аст. Ва он шумо муғулнаждодонро ором намегузорад, хун металаб, тоҷик мекушед, хонашро оташ мезанеду зану фарзандашро зино мекунед. Ай мардуми роҳгумзада бидон ки тоҷик ҳеҷ гоҳ муллоро намекушад!Тоҷик ҳамеша дифогари ва ҳомии дини мубини ислом буд. Магар устод Бурҳониддин Раббоню шери Панҷшер Аҳмадшоҳ Маъсуд он тоҷикон набуданд, ки қариб чордаҳсол бо яке аз девҳои абарқудрати ҷаҳон Деви Сурх –Иттиҳоди Шӯравӣ баҳри дифои дини ислом ба мубориза барнахостанд? Ҳисси тоҷикон дар сарнагунсозии аждаре ки миллионҳо инсони бегуноҳро ба коми хеш фурӯ бурдааст, бузург аст! Агар шумо тоҷик бошед аз паси ҷуҳуд Ислом Каримов, ки тоҷик мекушаду Сафарали Кенҷаев, ки ҷосуси туркон асту дар хонаи эшони Тураҷонзода ба воя расидаасту имрӯз дар фикри куштори  писари эшон – Ҳоҷӣ Акбар аст, меравад? Шумо имрӯз мамнунед, ки исломиёнро маҳв менамоеду зиндагониатон беҳтар хоҳад шуд. На!Шумо хуни дигаронро рехтед, фардо фарзандону бародарони онон хуни шумоёнро хоҳанд рехт. Шумо шаш калтатойеро, ки  бо силоҳу бозуи ӯзбаку рус ба сари қудрат оварда ҳукумати калтатойҳоро созмон додаеду ба оламиён чун ҳукумати конститутсионӣ муариффӣ менамоед, гумон мекунед, ки пас аз ин осуда зиндагӣ хоҳед кард? Ҷангу хун дар пеш аст! Ҳоло қуллаҳои Бадахшон хомӯш аст, сухани хешро нагуфтаанд! Бидонед ай роҳгумзадагон, исломро мағлуб кардан номункин аст, зеро Оллоҳу Таъоллоҳ бо мост!

   Ин суханон издиҳомро ба ангезиш овард. Кунун борони санг дучанд афзуд. Дере нагузашта пайкари ҷонканандаи мулло зери ғарами сангу кулух ниҳон шуд, вале борону сангу гулух ҳамоно меборид. Ҳамагон хаставу хурсанд  майдонро тарк  мегуфтанду ҳамдигарро бо пирӯзи нисбати намояндаи ислом табрик мегуфтанд. Кунун тӯда боварии комил дошт, ки ойанда эшонро ҳаёти заррине интизор аст, зеро душмани асосиашонро аз роҳ бардоштанд. Майдон дере нагузашта холӣ шуд.

   Ду пирамарди зери чинор нишаста хамаи ин даҳшатро назора доштанд.

-Тақдирро бинед ҳазрати эшону писарашонро болшевикон дар зиндон пӯсониданд ва имрӯз небарашонро ворисони болшевикон сангсор карда куштанд. Ин мардум ҳеҷ гоҳ  рӯи некиро нахоҳад дид. Мулло қариб ба ҳамаашон ҳаққӣ устодиро доштанд. Пирашонро бо дасти худ куштанд.

-Аз наберашон ягон нишон монд мӣ?

- Ду писару як духтар.

-Худо хоҳад нест карда наметавонад. Боз соаташ меояд.

Нисфишабӣ як гурӯҳ кушиданд, ки ҷасадро аз ғарами сангҳо берун оварда  дафн созанд, аммо аз ҷасади мулло нишоне набуд.

 

                            Ҳабиб Саид, соли  1993, шаҳри Бишкек
















Комментариев нет:

Отправить комментарий