суббота, 1 июня 2024 г.

Охирин бадахшонӣ

(Ҳикоя)

   Бинои фарсудаи сеқабата чун ҷазираи кучак аз шаҳр канор бимондааст. Саҳнаи ҳавли холиву нишонае аз зиндагиро дар худ надошт. Гурбаи лоғаре аз равзанаи таҳхона берун омада нориёзона атрофро аз назар гузаронду сару рӯяшро бо дастонаш молиш дода монд. Дар гӯшаи ҳавлӣ кулбаи похсагине ҷойгир буд, ки вазифаи масҷиди маҳалларо ба ҷой меовард, аммо пас аз турктозии сарбозони Фронти халқии Каримову Кенҷаев он ба валангоре табдил ёфт. Ҷасиди варамидаи пирамард имоми масҷид дар даромадгоҳ овезон меистод. Аз самти бино низ бӯйи ҷасадҳои вайроншуда ба  машом мезад. Даррҳо шикаставу во буданд. Бошандагон ин вайронаро кайҳо тарк гуфтаанд. Аёме, ки ҳавлиҳояшонро дар канори дигари шаҳр сел бизад, қисмашонро ба ин бинои хароб аз таъсири обҳои зеризаминӣ қирш дода, ки дер боз лонаи  гурбаву сагҳои дайду буд, ҷойгир намуданд. Онҳое ки пасандозу имкон доштанд дере нагузашта хешро аз ин вайрона берун гирифтанд, вале бечорагону дасткутаҳонро бидуни дар ин хароба зистан чорае набуд. Рӯзе ки зиреҳпӯшони бо парчамҳои сурх орододашуда ба шаҳр зада даромаданд, силоҳдорон шаб қисме аз мардонро бо худ бурданд, ва дигар аз онҳо на нишоне на паёме буд. Пас аз чанд рӯзе парчамсурхон  масҷидро валангор намуда муллоро ба дор кашиданд ва боз чандеро бо худ бурданд. Пас аз ташрифи парчамсурхон мардум худро ба чор самт зад, то ақаллан тифлонашонро аз ҷанголи хунини аждарони сурху  чингиззодагон канор гиранд. Онҳо дарк мекарданд, ки парчамсурхону туркон то охирин кӯҳистониро шикор накунанд, ором нахоҳанд шуд. Ду се нафар кушиданд, ки пеш аз тарки бино муллояшонро дафн намоянд, вале ургутиён онҳоро низ ба реҳлат равон сохтанд. Танҳо  пирамарди бадахшӣ вайронаро тарк накард. Гарчанде ки ҳамсоягон кушиданд ки ӯро бо худ баранд, вале пирамар розӣ нашуд. Зеро  дар ин аёми хараҷу мараҷ ӯ намехост, ки ба касе дарди сар шавад. Ҳангоми ҳуҷуми туркон бо сарвари Кенҷаев ба пойитахт, писари ягонаашро куштанд. Дид ки  ваъз рӯз ба рӯз вазнинтар мегардиду туркон пас аз аз шикаст дар Душанбе даст ба қатли омми  тоҷикони кӯҳистон хоҳанд зад, келину набераҳояшро ба Бадахшон гусел намуд. Ҳарчанд ки баҳри ӯ бо пойҳои фалаҷу аробача  дар кулба ҳаракат намудан, ниҳоят душвор буд. Пас аз холӣ гардидани ҳавли ваъзаш  боз ҳам душвортар гардид. Дар кулбаи сард рӯзҳои дароз нимгрусна менишаст. Ва пораҳои нони баҳри рӯзҳои сиёҳ хушккардаи келинашро ба оби хунук тарк карда мехӯрд. Ӯ пайваста дарк мекард ки рӯзе баҳри маҳви ӯ хоҳанд омад. Гарчи ӯ аз олами сиёсат фарсахҳо дур буд, вале зодаи Бадахшон будан баҳри туркону ёрашон кифоя буд. Субҳе садои пойҳо шунида шуд. Пас аз чанде дар даромадгоҳ се лақайи силоҳдор рост шуданд. Аз андоми либоспӯшон аён буд ки дар тоҷикушӣ навкоранд. Байни худ бо туркӣ маслиҳате бинмуданд. Ва лақайбачаи ҳабашандом гранатамётро ба сӯи пирамард рост кард.

-Саросема нашав, барои парондан ҳеҷ гоҳ дер намешавад, агар имконият бошад бо сардоратон вомехӯрдам, дар даст маълумои заруре дорам, ин ба фоидаи шумоён, ман ветерани партия, ҳеҷ гоҳ ба партияи худ хиёнат накардаам...

Лақайҳо аз суханони пирамард дудила шуданд. Яке аз лақайҳо гуфт ки пирамард шояд аз он бадахшониёне чун Шабдолов, Қоимдодов, Назаршоев ба мо содиқ бошад. Пас аз маслиҳат ба хулосае омаданд, ки пирамардро ба штаб баранд, он ҷо муайян хоҳад шуд ӯ кисту чи асроре дар даст дорад. Ҳангоме ки ӯро  бо аробачааш аз зинаҳо мефароварданд, лақайе, ки аз пас аробаро мебардошт, бо ситеза аробаро партофт:

-Чи ин маслуқа  бардошта мегардем мӣ? Эрамтов гуфт ку дар ҷояш паронетон ва милли автоматро ба даҳони пирамард рост намуд:

Пирамард бо қатъият ба силоҳдорон нигарист:

-Маро то поёна фарорертон он тарафаш худам меравам. Дар ин самти шаҳр дигар бадахшонӣ намонд. Насиб бошад охиринашро худат мепаронӣ, саросема нашав!

Дашномкунону хорикунон пирамардро то саҳнаи ҳавлӣ фароварданд ва ӯ пеш пеши силоҳдорон аробачашро ба ҳаракат дароварда ба роҳ даромад. Кӯчаҳо холӣ буданд. Дар назди қуттӣ ахлотҳо пиразане поруҳоро такору намуда дар ҷустуҷӯйи ғизо буд. Танкҳо бо суръат аз наздашон гузашта рафтанд. Дар болояш чеҳраҳои туркию славяниро дид. Парчамсурхону пантуркистон штабашонро дар ҳавлии боҳашомате, ки шояд соҳибхонаро куштанд, ҷой додаанд. Ҳангоме ки пирамард вориди бино мешуд се нафар видео тамошо мекарданд. Ғижирросӣ ароба кайфияташонро вайрон кард, зеро дар экран филми порнографӣ мерафт. Пирамардро дида дар ваъзияти ногувор монданд. Ҳозирин ӯро шинохтанд. Пирамард низ фӯрушандаи мағозаи маҳалла ҳисорибачаи ҷавон, милисонери маҳала зодаи Кӯлоб, парторги собиқи мактаб, ки аёме ҳамкор буданд ва эшон аз авлоди ойаҳои хуҷандӣ буданашонро ҳамеша қайд карда меистод, шинохт. Онҳо кушиданд хешро чунон вонамуд созанд, ки ӯро нашинохтанд. Аз хонаи дурун садои пиҷир – пиҷир хандаи марду зан ба гӯш расид. Пирамард ба парторги собиқ муроҷиат кард.

-Ҷурабой! Лақайбачаҳоро барои куштани ман шумо фристодаед мӣ?

-Не!Акои Раҳматшо ман ин корҳоба қӯш не. Мо шаҳри Хуҷанд борин нетрал ако. Мо як телевизор тамошо кунем гуфта штаба даромадем, кинои бисёр нағз будааст.

-Ё ин кори шумо мӣ, Талбакҷон!

-Не! Амак мо аз ин корҳо дур. Мо одами давлат.

-Пас ин кори шумо Усмонқул?

-Не, амак! Наход мо дидаю дониста сари шумоба  қотил фристонем.

- Набошад ин кори кӣ?

Ҳар се кифт дарҳам кашиданд. Ва ин сония тугмаҳои шимашро гузаронида аз хонаи дарун марде берун омад.

-Чи гап? Як дамба ҳамая ба сар бардоштетон! О инҷая  штаб мегӯянд! Намемонанд, ки ка ақаллан як дам дами беғам бизанӣ.

Чашмаш ба пирамард афтид.

-Ин маслуқа кӣ овард?

Лақайи ҳабашандом гоме ба пеш ниҳода ваъзиятро шаҳр дод. Аз шиддати ғазаб симояш арғувонӣ гашта ларзид.

-Аблаҳо! Ман гуфта будам ку дар ҷояш паронетон! Харкаллаҳо бошанд маслуқро назди ман бардошта овардаанд. Ман сарамба мезанам ин дарди сара. Боз чи гапаш будааст? Ва гарчанде ки гуфтугузор ба туркӣ мерафт пирамард моҳияти суханро дарк сохт ва ин тангназари чашмонаш хунингирифтаро низ шинохт. Ӯ нафраташро нисбати тоҷикон ҳеҷ гоҳ ниҳон намесохт. Мегуфтанд ки дар идорааш тоҷикро  роҳ намедиҳад. Ҳатто бевазани фарошро маҷбур бинмуд ки  корхонаро тарк гуяд. Коргузориро дар коргоҳ ба туркӣ ба роҳ монда буд. Ӯ домоди яке аз шахсони бо пири  патуркистони кишвар Самадов наздик ба шумор мерафт. Ва миш-миш буд ки  дар доираҳои болои Хуҷанд дар симои ин пантуркисти ашаддӣ яке аз сарварони ояндаи кишвари ғасбшударо медиданд.

   Пантуркист нахост даҳонашро бо форсӣ олояд ба парторги хуҷандӣ  ишорат  бинмуд ки пирамард чи гуфтанист. Пирамард симои ҳозиринро бо диққат аз назар гузаронд. Ҳамагон мекушиданд ки нигоҳашон ба чашми  пирамард наафтад.

-Ман охирин бадахшонӣ, ки дар ин маҳалла  зинда мондааст. Пеш аз он ки  маро ба он дунё равон созед чанд сухане доштам.

Пирамард ба чашми пантуркист  нигариста:

-Раҳматии падарат дар хотирам ҳаст, вақте ки аз Ургут ба Душанбе омад ба ғайр ҷандаи танаш дигар чизе надошт. Дар ин ҷо соҳиби нону обурӯй шуд. Ва имрӯз писарону ҳаммиллатонаш дар ҳамин сарзамин ба дунё омада нону намаки ҳамин мардумро хӯрданд, имрӯз дасту остин бар зада  тоҷикро нобуд мекунанд зану духтаронашро таҷовуз мекунанду писарбачагонро ахта месозанд, боқимондаашро  дар конслагеру маҳбусхонаҳо нобуд  месозанд, молу мулкашро тороҷ намуда кулбаашро оташ мезананд. Дар паси танку туп нишаста тоҷиконро қир  мекунанд, бо оқипадарон  як шуда ба пойитахти тоҷикон зада медароянд. Зеро кӯрнамакӣ  мағз  андар мағзи устухони шумо маъво гирифтааст. Тоҷик  шумо саҳронишинонро одам бинмуду ва имрӯз ғуломи шумост. Ин нармдили, инсонпарастии мо буд ки  саънату илми моро рабуда шоирону олимони моро азони худ хондед. Шаҳрҳои беҳтарини моро рабудед, ҳамаро ба яғмо бурдед. Шумо ворисони Чингизу Темур ҳеҷ гоҳ аз хуни тоҷику моли тоҷик сер намешавед. Шумо курнамакон мехоҳед тавассути хоинони миллату тоҷикони туркшуда моро ба сари зону шинонед. Эй туркзода! Эй аҷдодӣ Чингизу Темур бидон бидуни хоинону тоҷикони туркшуда, калтатойҳо, тоҷикони асил вуҷуд доранд. Ту чингизодаи пастфитрати кӯрнамак, онҳоро ҳеҷ гоҳ нест карда наметавонӣ. Фардо фарзандону бародарони онҳое ки қатли ом бинмудаед алайҳи шумо муғулнаждодон хоҳанд бархост. Ва он вақт шуморо на ҷуҳут Каримов наҷот  дода метавонаду на Елсини майзада...

   Садои тир суханони пирамардро қаът бинмуд. Пантуркист намоишкорона таппочаи Макаровро ба ғилоф гузошт. Пирамард аз ҷояш салҳ бархесту:

-Рӯзе мерасад ки барои қатли омми тоҷикон чун саг ҷон хоҳед дод!

Ва дар ин лаҳза лакайбачаҳо посбон хабар доданд, ҳофизон омаданд. Сонияне пас дастаи ҳофизону рақоссон дохили кулба гардида бо ҳозирин вохӯрда ба бӯсидани дасти пантуркистӣ ашшади шитобианд. Ӯ ба сарбозон фармуд часадро ба партобгоҳ бурда партоянду барои ҳофизону рақоссон дастархонд оройянд.

Дере нагузашта садои ҳофизон баланд гардид ки дӯстии туркону хоинонро тараннум мекарданд.

              

      Ҳабиб Саид, деҳаи Новосакмарск -Урали Ҷанубӣ, соли 1993
















 

 

                          

 

 

 

 

Комментариев нет:

Отправить комментарий