вторник, 4 июня 2024 г.

Таджики на выход

(Ҳикоя) 

   Троллейбуси пур аз мусофирон нолишкунон баландиро мебаромад. Гарчанде ки ақрабаки соат ба се наздик меомад, шаҳр барқосо холӣ мешуд. Даҳшат мардумро сӯи манзилашон мебурд. Ҳамагон хомӯшу нобоварона ба ҳамдигар менигаристанду мекушиданд ҳамсухан нашаванд. Ронада бо туркию русӣ гӯшрас мекард, - фаромад аз дари пешу роҳкироро бармаҳал омода созанд. Ӯ бори аввал мешунид ки дар нақлиёт истгоҳҳоро ба туркӣ эълон менамоянд. Аз дил гузаронд, ки ин қадамҳои нахустин ба самти туркунонии тоҷикон ва хоинону туркон ин хунрезиву қатли омро маҳз баҳри туркунони тоҷикон созмон доданд. Ин шаҳр дигар пушту паноҳи тоҷик нест, он ба ҷавлонгоҳи туркону славянҳо, хоинони миллат табдил меёбад. Пас аз ҳар эълон дар симои туркону славянҳо табассуми ноаёни хушнудӣ падид меомад. Дар чорроҳа силоҳдорон троллейбусро боздоштанд.Чашмтанги мазангандоме ба кабина зада даромада садоафзоро аз дасти ронанда гирифта:   -Таджики на выход! Узбеки русские остаются на месте. Дарҳо фавран во шуданд. Ба фаромадан касе ҷуръат намекард. Пас аз таҳдиди дуюмбораи силоҳбадастон, одамон берун омаданд. Аз дари охир бо ӯ ду бадахшонӣ фаромаданд, аммо рафқаш аз ҷояш наҷунбид. Марди миёнасолеро бо писараки 12 -14 солае дашномкунон берун кашиданд. Лақайи ҳабашсурате ҳуҷҷатӣ рафиқашро аз назар гузаронд, гарчанде ки миллаташ тоҷик сабт шуда буд, вале вожаи «Кӯлоб»-ро дида бо табассуми хосе паспорташро баргардонд. Дарк кард, ки нигоҳашро аз ӯ мегурезонад. Пас аз он ки троллейбус ба роҳ даромад силоҳбастон дашномкунону хорикунон онҳоро ба мошини болопӯшидаи дар бараш бо бӯр ”Буюқ отамиз Ислом Каримов” навишташуда шинонданд. Ду силоҳдор фавран назди баромадгоҳ ҷой гирифтанд. Дар торики симои тоҷикони ба даст афтода друст ба назар намерасид. Чашмонаш тадриҷан ба торики одат намуданду хомӯшона ба ҳамдигар менигаристанд, ҳамагон дарк сохта буданд, ки чи сарнавиште онҳоро итизор аст. Танҳо кунун дид ки мардрро як пойяш сунъӣ буд. -Худоё, ин чингиззодагон аққалан ба ӯ раҳме накарданд. Яке аз силоҳдоронро шинохт ӯ аз ургутиҳои пивофӯруши маҳаллашон буд, мегуфтанд ки аз ҳаводорони Кенҷаев асту дар дастаи лақайҳо зиди тоҷикон меҷангад. Рӯзе ки Кенҷаев бо ӯзбекҳои маҳалливу артиши Ӯзбекистон ба Душанбе зада даромад, ургутиён ҷашн ороста буданд. Гарчанде ки маҳбуси ҳаммаҳллашро шинох, вонамуд бинмуд, ки бори нахуст ӯро мебинанд. Ӯ низ кушид, ки ба самти “шиносаш” нанигарад. Машина бозистод. Аз пойон садои дуруштӣ гуфтугӯйи туркӣ ба гӯш расид, ки ронандаро мепурсид, ки: киро овардӣ? Соҳиби садо фаҳмид, ки дар мошин вовчикҳои қатории аз троллейбус ба даст афтода нишастаанд, фармуд, ки ба карер баранд, зеро зарурияти пурсиш нест. Ва машин фавран ба роҳ даромад. Ҳамагон медонистанд, ки карер қатлгоҳи тоҷикон аст. Гарчанде ки берун аз назар ниҳон буд, вале тадриҷан аён мегашт, ки кайҳо шаҳрро тарк карданд, дигар садои одамону мошин ба гӯш намерасид. Машина таконе хурда бозистод. Силоҳдорон худро берун партофта амр доданд ки дастҳояшонро ба пӯшт гирифта якта - якта берун оянд. Ҳангоме ки маҳбусон саф кашиданд, сарварашон ба лақайи дуюм фармуд белҳоро ҳозир созад. Замини шағолдоро кандан ниҳоят душвор буд, бел заминро намегирифт. Мард ба асояш такя намуда мекушид заминро канад, вале бел дар ҳаво алвонҷ мехӯрд. Баҳраш аламовар буд, ки кунун туркони ҳаммеҳанаш, бо супориши ҷуҳути самарқандӣ -душмани ашшадии ислому тоҷик Ислом Каримов ӯро ки аз ҷанги Афгонистон зинда баргашт, дар ватанаш маҷбур месозанд қабрашро бо дасти худ кобад. Писарча зӯр зада заминро кандани мешуд, вале бел хок намегирифт. Мард гуфт ки як тараф истад ба ҷойи ӯ низ замин хоҳад кофт.

-Ту вовчика дар ин ҷо ки хӯҷаин монд? Хоҳари ту ҳарифа... Лақайи ҳабашандом бо қундоқи автомат ба сараш фароварда зери борони мушту лагад гирифт.

 -Канӣ хез! Ман ба ки гуфта истодаам! Хез, саг!

 -Помири-мӣ, ту саг?

-Тоҷик!

-Ё ғармӣ?

 -Тоҷик!

 -Ман ту сага пурсида истодаам, саги куҷоӣ? Ё мастҷоҳӣ? Дидӣ, Мусоҳотона чи хел тирборон карда куштем. Шумоҳон ношудона ҳамин тавр ҳамаҳотонро нест мекунем, ба ғайр аз зану духтарҳоятон. Онҳо барои дилхушии мо заруранд... Хуни ба чашмонаш шоридаро бо оринҷаш пок карда аз ҷояш бархост, барқосо хамшуда белро бардошта бо суръати фавқулодае ба самти лақай фаровард. Бел сарро ду пора намуд. Лақай фиғони даҳшатангезе кашида дар ҷояш дароз кашид. Зуд автоматро бардошта бо ду ҷаҳиш худро паси мошин гирифт. Силоҳбадастони дигар чунин гардишро интизор набуданду дар баланди дароз кашида сигор мекашиданд, наъша мепечониданд. Мошинро зери борони тир гирифтанд. Маҳбусон бошанд худро ба гӯрҳои кандаашон андохтанд. Туркҳо беист оташ мекушоданд. Мард худро паси чарх гирифта хомӯш менишаст. Силоҳдорон пиндоштанд, ки ӯ нобуд шуд, нахуст ургутӣ аз чояш бархост, тир фавран ӯро дар ҷояш хобонд ва садои беисти автоматҳо баланд гардид. Зуд ҷояшро иваз бинмуд, тирҳо визосзанон мегузаштанд. Гаваккашон ба дари кабина часпида аз он ҷо дастаи нориҷакҳоро берун оварда ба самти силоҳбадастон ҳаво дод. Таркиш хоку шағалро ба ҳаво бардошт. Пас аз сонияе сар бардошт, ҷасадҳо бо хоку хун омехташудаю пора - пораи туркон пароканда мехобиданд. Автомату норинҷакҳоро гирифта фирор намуданд. Мардро ду нафар аз зери кашаш гирифта медавиданд. Ва ин лаҳза аз дур мошине намоён шуд. Фирориён зуд камин гирифтанд. Вале ӯ фармуд роҳро идома диҳанд ва зудтар ба боғзори он самти карер паноҳ баранд. Писарча хост назди бобояш бимонад, вале ӯ фармуд зуд аз ин ҷо бираванд, пас аз чанде бо онҳо пайваст мешавад. Мошин бо шаст меомад. Мошин ба ҷасадҳои туркон баробар шуда суръаташро фаровард. Ва дарҳол пай бурданд, ки чи рух додааст, роҳашро идома дод. Чархҳои пешро нишон гирифта оташ кушод. Мошин бо суръати нахустинаш фосилаеро тай намуда аз ҳаракат бозмонд. Силоҳдорон корейсҳои Фронти халқӣ зуд аз мошин берун шуда шинак гирифтанд, тирпарронии тӯлоние ба амал омад. Корейсҳо аз фосилаи ночизе истифода бурда пеш медавиданд. Ба пас нигарист, ки фирориён ба боғ наздик мешуданд. Корейсҳо низ тадриҷан наздик меомаданд. Ду нафарашро ба реҳлат равон кард. Ҳамин лаҳза таркиш ба амал омад. Норинчак баданашро пора пора кард. Бо мушкилоти зиёде сарашро бардошт, фирориёнро дид, ки боғзор онҳоро ба оғӯш кашид. Дар ҷояш афтиду ҷон дод.

 

                               Ҳабиб Саид, феврали соли 1993, Бишкек
















 

Комментариев нет:

Отправить комментарий