вторник, 4 июня 2024 г.

Фирорие дар иҳотаи қубурҳо

(Ҳикоя)

   Поезд нолон пардаи шабро дарон пеш медавид.Аз сардӣ ба хеш печида андаруни қубури азиме дароз кашида буд. Қоғазпораю кардонҳои намнокро аз таги вагон ғундошта зераш андохт, вале он ваъзро сабук сохта натавонист. Сиҳат саломат сарҳадро убур бинмояд сипас паноҳгоҳашро иваз хоҳад бинмуд. Поезд тадриҷан  суръаташро мефаровард ин далели наздикшавии истгоҳ буд. Агар ӯ  аз ин истгоҳ- қатлгоҳи даҳшатафкан, ки сари бисёре аз тоҷиконро ба бод дода буд, мегузашт он тарафаш монеъҳои бузурге вуҷуд надошт, зеро дар ин истгоҳ каллабурон ғармиву бадахшонӣ ва дигар тоҷикони ба пантуркистон номақбулро нобуд мекарданд. Аз сурохии хурди девори вагон, ки зиндонашро бо ҷаҳони ғайр мепайваст берунро аз назар гузаронд. Аввалин биноҳое, ки истгоҳро иҳота намуданд аён гаштанд. Силоҳбадастони зиёде дар перон  сайру гашт доштанду гурӯҳе дар атрофи гулхан дасту пойҳояшро гарм мекарданд. Лаҳзае ки поезд бозистод ҳама ба самти вагонҳо давиданд. Гуфтугузору дашномаҳои туркию русӣ ба гӯш мерасиданд. Аз тарсу ҳарос дар баданаш раъша давид. Садои ғижирроси сангмайдаву гомпартои силоҳбадастон ба гӯш расид. Касе бозистод. Сонияе пас дарк бисохт, ки ӯ ба вагон часпида баромад. Ҳис кард ки сонияҳои вопасин даррасиданд. Рӯшнои чароғи дастӣ дохили вагонро такорӯ мекард.

- Ҳа, чӣ будааст? Шунида шуд овозе.

- Ҳамааш қубур.

- Фаро!Дурустар ҳамаро бояд аз назар гузаронд. Падарлаънато медонанд, ки дар куҷо пинҳон шаванд. Ҳозир русҳо молу амволи корхонаву худашонро ба ватанашон равон мекунанд. Ин касофато аз шароит истифода бурда чун нонхӯрак даруни молу амволи русҳо ниҳон мешаванд. Дирӯз Кали Хидиралӣ аз даруни дастгоҳҳои пармакунӣ ҳафта вовчика ёфт, бурда дар Ширкент паронданд. Аз ваъзи ба пеш омада моҳирона истифода бурда ин касофатоя пурра нест кард, чун Амир Темур аз каллаҳояшон манора сохт, то доданд ки хӯҷаини ин сарзамин кист. Каримов қарлуқи рақосса роҳбар таъин кард, то Тоҷикистонро аз тухми тоҷик тоза созад.

 Садои лағжида фаромадани чароғбадаст шунида шуд. Дохили ҳар як қубурро бо диққат аз назар гузаронида  пеш меомад. Дар назди қубури ӯ хуфта ҳайрон истод, кардонро дида гумон кард ки он тасодуфисту паси он касе нест. Вагонро тарк карданӣ шуд, вале андешае ӯро боздошт. Хост бо силоҳ кардонро ба самташ бикашад, аммо милли силоҳ кӯтоҳӣ кард. Ҳис намуд ки сонияҳои вопасин даррасиданд. Тафтишкунанда ба пеш хамида бо нуги силоҳ  кардонро ҷунбонид. Пай бурд ки паси он чизи вазнине истодааст, гумон кард ки шояд  касе чизеро ниҳон сохтааст. Кушид бозёфтро дақиқтар аз назар бигузаронад, ба пеш хазида бо дастонаш кардонро як тарафа намуд. Ва ин сония дасти фӯлодине даҳону гулӯяшро зер кард. Кушид силоҳро  истифода барад, вале бо зарбаи пой онро аз зери дасташ дур афканд. Пой мезад то дасти фӯлодинро зи гулӯяш раҳо созад, аммо фишор сония ба сония меафзуд. Дар сонияҳои охирини ҷонканӣ  хешро ба чор самт мезаду аз нарасидани ҳаво фашшос мезад. Пас аз фосилае аз дасту пойзанӣ бозмонд. Бо даҳшату таҳаюр ба ҷасад менигарист. Худоё, наход ӯ одам кушт?! Ин чӣ даҳшатест?! Ин чингиззодагон  тоҷикони зиёдеро нобуд сохта кулбаҳояшонро валангор намуда зану духтаронро бо худ бурданд...

Нидои: Юлдош...Юлдош...куҷо гум шудӣ? -ӯро ба худ овард, автоматро ба наздаш кашид. Садои  ба вагон часпида баромадани касе шунида шуд. Бароянда бо чароғ дохили вагонро аз назар гузаронд, ки ҳама дар ҷояш, бо андешаи он ки шояд Юлдош фаромада бошад, вагонро тарк гуфт. Сипас хомӯшии дуру дарозе ҳукумфармо гашт. Ниҳоят садои ҳуштак ба гӯш расид. Пас аз сонияе поезд ба ҳаракат даромад. Садои гиря гулӯгираш намуд, баданаш меларзид.

 

                                  Ҳабиб Саид, соли 1993, Бишкек















 

 

Комментариев нет:

Отправить комментарий