Саги Сироҷ аз деҳаи Янгиюли Боло
(Ҳикоя)
Саги Сироҷ марди қавоқи баддаҳону ардабаҷӯйи деҳаи Янгиюли Боло ҳисоб мешуд. Ӯро ҳама дар пасаш Санги Сироҷ ном мегирифтанд. Аммо рӯйдодҳои сиёсии кишвар ин фарди дар гӯшаи торику мағорзадаи ҷомеа ниҳонро барқосо ба пеш баровард. Пас аз турктозии Сафаралӣ Кенҷаев ба Душанбе водии Ҳисор ба ду ҷабҳаи даргиранда табдил ёфту каллабурони Фронти халқии Каримов-Кенҷаев-Сафаов деҳа ба деҳа гашта нерӯ гирд меоварданду демократу растохез ғармиёну исломиёнро ба машинаҳо андохта ба самти номаълум мебурданд. Арзишҳои ҷомеъа зуд дигаргун мегаштанд.
Писарони Саги Сироҷ – Буриқул,
Қушқорбек, Отатурк чун боевикҳо либосҳои низомӣ ба бар карданду автоматҳоро ба
даст гирифтанд. Бародарон тобистон дар Душанбе бо ургутиёну яҳудиёну квасфурӯшӣ
мекарданду се фасли дигар бозёфташонро қимор мезаданд. Яғнобӣ будан аз самти
падарю ургутӣ будан аз самти модарӣ дар марҳилаи кунуни сиёсӣ нуфӯзашро дар
деҳа даҳчанд афзуд. Кунун ӯ гаштаю баргашта ба ҳамдеҳагонаш чӣ тур дар тӯи
яғнобие бо Сафаралиҷон шикамсерӣ
арақхӯриашро гаштаю баргашта нақл мекард. Касе дар назди ӯ ҷӯръат намекард номи
ҳамшаҳрии машҳурашро Сафаралӣ ё Кенҷаев гуфта ба забон гирад, ҳатман бояд
Сафаралиҷон ё Сафаралӣ Кенҷаевич мегуфт.
Бегоҳиҳо аҳли деҳа дар вайронае, ки масҷид
меҳисобиданд, гирд омада перомуни рӯйдодҳои рӯз ҳарф мезаданд. Киро имрӯз дар деҳаҳои атроф паронданду молу амволи кадоме
аз коператоронро тороҷ карданд. Киро бояд ҳатман паронд, то ҷомеа зудтар аз
вовичикҳо тоза шавад. Ба гуфти Саги Сироҷ дар рӯйихати Фронти халқӣ аз деҳашон
се ном сабт шудааст. Мулло Баҳриддин, ки дар майдони Шаҳидон бо ғармиён ду
ҳафта ҳамнишин буду писарони директори мактаб Нуриддинов, ки ҷосусони деҳа бо
вовчикҳо дар шаҳр дидаанд. Мулло Баҳриддин пас аз оғози террор ногаҳ нопадид
шуд. Саги Сироҷ ба нукаронаш фармуд, ки то ҳавлии муллоро зери назорат
бигиранд. Директорро ба масҷид даъват намуда фармуданд, ки писаронашро аз Душанбе оварда ба дасти
сарбозони Фронти халқӣ супорад, ё аз деҳа кӯч бандад. Зораву нолаи муаллим ба
Саги Сироҷу балегӯйонаш беасар монд. Авлоди Нуриддинов ҳис кард, ки Саги Сироҷу думравонаш шухӣ намекунанд. Пираш
Кенҷаев дар хонаи эшони Тӯранҷон ба воя расида писархонди ин хонадон ба ҳисоб
мерафт, ҳозир қасди куштани фарзандони эшони Тӯраҷон -Ҳоҷӣ Акбару Нуриддинро
дорад. Зуд ҷам шуда ба хулосае омаданд ки бо Саги Сироҷ бояд забон ёфт, вагарна бачаҳоро мекушанд. Авлод
пасандозҳои худро гирд овард, қариб 50 ҳазор сум баромад. Якеро бо пул шабошаб
ба хонаи Саги Сироҷ равон намуданд. Пас ин ташриф масъалаи писарони Нуриддиновро Саги
Сироҷ ба забон намегирифт. Кунун фикру
зикри Саги Сироҷу балегӯҳояш ба ҷустуҷӯйи мулло Баҳриддин банд буд. Баъзеҳо
мегуфтанд ки муллоро дар Душанбе диданд, дигарон тахмин мекарданд, к ӯ дар
назди қозист, ё ба Афғонистон фирор бинмудааст. Рӯзе ки овоза шуд ки чупонҳо
мулло Баҳриддинро дар кӯҳ дидаанд. Саги Сироҷ фавран дастае мураттаб сохта
чашми рӯз накафида бо силоҳҳои шикорӣ ба роҳ баромаданд. То шом ҳамаи камарҳоро
давр заданд, вале аз мулло нишоне набуд. Яке аз ихтиёриён гуфт ки ӯ камари
ноъалумро медонад, шояд мулло он ҷо ниҳон аст. Лаҳзае ки Саги Сироҷ бо
силоҳбадастонаш ба ҷойи пешбинишуда ҳозир шуданд, муллоро диданд ки банди намоз
аст. Гӯё чизе рух надодааст мулло намозашро идома дод. Ин амал силоҳбадастонро
мутаҳаййир бисохт. Саги Сироҷ аз ғазаб фарёд зад.
-Аз ҷойат хез вовчик!
Набошад саг борин мепаронам!
Вале мулло
намозашро идома дод. Саги Сироҷ ба ҳаво тир холӣ кард, аммо ин амал низ
бенатиҷа анҷомид. Ногузир интиҳои намозро интизор шуданд. Мулло ҷойнамозро сӯе гузошта
салом дода таклифи нишастан кард.
-Мо барои нишастан
наомадаем. Заҳрханд намуд Саги Сироҷ.
-Саросема нашав Сироҷ!
Барои парондан расо мекунӣ.
Мулло ба ҷавонӣ
болои асп сархам нишаста.
-Ту небараи Мулло
Раҳим чӣ хел дар сафи ин каллабурон афтодӣ? Ин гургоне, ки ту худро бо онҳо
пайвастаи дар айёмаш гузаштагонашон аҷдодатро қир карданд. Муллокушию
масҷидсӯзи баҳри ин иблисзодагон аҷдодист...
-Мулло гапа ғоз
накун! Ту киро муллокушу иблисзода гуфта истодаӣ?
-Гузаштагонатро
фаромӯш кардаи Сироҷ? Падарат Ғуфрони Кал дар ҳавлии эшони Абдураҳмонхон саис
шуда кор мекард. Дид ки нокасон наздикону
хуҷаинҳояшонро фурӯхта соҳиби мансабу пайса мегарданд, каллаи эшонро
болои мизи раиси НКВД мегузорад. Фосилае пас
Ғуфрони Калро раиси артели “Бехудоёни сотсиалистӣ” таъин мекунанд. Ва
имрӯз баҳри ҳамон хоинону кофирон имконияти
аз нав суму мансабкоркунӣ фаро расид...
-Ту киро кофиру
ҳаромхӯр гуфта истодаӣ, вовчики падарлаънат! Аз гапзаниат маълум ки аҷалат расидааст! То ҳоло ягон кас
ҷуръат накардааст, ки Сироҷи Ғуфрона дар
рӯяш кофир гуфта бошад?
-Кофир буданат
ҳоҷат ба шаҳр нест. Инро худат ҳам нағз медонӣ. Ба болои ин тоҷик ҳам нестӣ!
-Даҳанатро пӯш
вовчик! Кӣ тоҷик набудааст?
-Чӣ Сироҷ бо се писарат тухми тоҷика нест
карда истодаеду боз худатонро тоҷик меҳисобед. Дар рагу пайи ту хуни туркӣ
ҷорист. Саркардаи аҷдодат туркӣ Яхшибой аст, пас он ки Яхшибойҳо бо Ёрбеки
яғнобӣ хеш шуданд, шохаи аждодии ту тадриҷан номи яғнобиро гирифт. Саҳеҳтараш
ту калтатойи. Имрӯз ҳамаи онҳое ки чун ту хуни тоҷик мерезанд, ту барин туркони
тоҷикшуда ё оқипадарону кофирону хоиное, ки баҳрашон ягон ҳисси муқаддаси
инсонӣ вуҷуд надорад.
-Мулло аз худ
нарав! Аз гапи ту мебарояд ки Сафаралиҷон ҳам кофиру турк?
-Сафаралиҷонат ҳам
ину ҳам он! Хиёнате ки ҳамшаҳриат дар ҳаққи миллати тоҷик кард ӯро бо қотилони
тоҷик Чингизу Темур дар як саф мегузорад. Дар куҷо дидаи ки тоҷик модараш –
пойитахти кишварро таҷовуз кардааст? Сафаралиат баҳри мансаб шуда Душанберо
турктозӣ карда ба шикори тоҷикон пардохт. Ҳамшаҳрии ҷониаат нону намаки эшони
Тураҷонро хӯрда имрӯз дар қасди ҷонӣ фарзандони эшон асту...
-Бас!Бас!Даҳонатро
пӯш! Чӣ хел рӯйат мешавад, ки дар назди Сироҷ Ғуфрони Яғнобӣ номи мубораки
Сафаралиҷона шикаста дар ҳаққаш суханҳои носазо бигӯйӣ , ҳоло он ки Ислом
Каримов барин подшоҳи бузург номашро аз даҳон намемонаду амрашро ба замин.
-Ба маркаб полони
заррин бизанӣ, боз маркаб хоҳад монд. Душманони миллат хоинонро болои даст
мебардоранд, сонияе ки харашон аз лой
гузашт, ба ҷои муллоимаш лагад мезананд.
-Мулло, ман гумон
кардам ту аз фикрҳои вовчикиат мегардиву узр хохӣ пурсид...
-Худо худаш аз ин
пасти нигоҳ дорад, наход аз қотилону душманони миллату ислом узр пурсам. Чунин
пастиро ҳеҷ гоҳ ба худ раво нахоҳам дид. Саги Сироҷ ба нукаронаш фармуд, то
муллоро баранд, вале касе гом ба пеш намегузошт.
-Чӣ хода барин рост
истодаед?-фарёд зад Саги Сироҷ, вале касе аз ҷояш наҷумбид.
-Парондан насиб
худат Сироҷ, ин кор баҳрат аҷдодист, ин бечорагон қадамҳои нахустинашонро ба
ҷодаи тоҷиккушӣ мегузоранд, дасташон
ҳоло меларзанд.
-Киноя назан мулло!
Вақту соатат расид!
Мулло табассуме намуду
чизе нагуфт. Симои хандони ӯ ғаши Саги Сироҷро меовард.Миллро рост кард, мулло
ҳамоно табассум мекард. Саги Сироҷ кулангро пахш намуд. Мулло дилашро
дошта хам шуд. Ҳамоно табассум мекард.
-Хоинон, ҳафт
пуштатон тоҷикро нест карда натавонист, кунун ин амали хунхоронатонро шумо анҷом
доданиед! Хобатонро ба об гӯед! Ҳамон қадар шумо сагони Каримову Кенҷаеву
Сангак тоҷикро бештар кушед, ҳамон қадар тоҷикони асилу ононе ки нангу номуси
миллиро аз даст надодаанд зери парчами ислом гирд хощанд омад, зеро Оллоҳу
Таъоло бо мост...
Тири дуюм муллоро
афтонд. Саги Сироҷ нукаронашро фармуд то баҳри дафни мулло ҷойе омода созанд ва
худ киссаҳои муллоро кофт ва аз он каме пул баромад. Ноаён ба ҷайбаш зад.
Қуръони кисагие низ баромад онро ба ҷарӣ ғуронд. Ҷасадро дохили ду санги азим
гузошта аз болояш сангмайдаро кашиданд. Сипас ба таракаи молу амволи мулло пардохтанд. Яке термос,
дигаре ҷома, сейюмин гилемро бо худ гирифт. Насиби Саги Сироҷ радио гашт.
Қотилон ҳайрон буданд ки ғарами китобҳоро чӣ кунанд . Саги Сироҷ фармуд ба оташ
бикашиданд.
Фардо Саги
Сироҷ мамнуну болида роҳи штабро пеш гирифт, то мужда бирасонад –Мулло
Баҳриддини вовчики ашаддӣ дӯстӣ ғармиёну душмани Каримову Кенҷаев кушта шуд.
Пас аз ҳафтае Саги Сироҷ баргашт, кунун
пайкари лоғари ӯро либоси низомиёни рус мепӯшонду кифтонашро нишонаи
майорӣ оро медоду дар миёнаш таппочаи
Макаров овезону ҷайбҳои аз долларҳои ӯзбакон дода пур буданд. Бо худ
низ панҷ автомати Калашников овард. Кунун ӯ сарвари дастае буд ки кӯҳҳои
атрофро аз фирориён тоза мекард. Аҳли деҳа бегоҳи дар масҷид гирд омада аз
даҳони Саги Сироҷ навигариҳоро шунидани буданд. Дар рафтору гуфтори Саги Сироҷ дигаргуниҳои кулли ба чашм мерасид. Дар
пешгоҳ зери дасташ ғарами болиштҳоро гузошта дароз кашида буд. Ҳама ҳушу гӯш
шуда суханони командири Фронти халқиро перомуни чи гуна дар штаб аз ӯ истиқбол
намудану аз хабари марги мулло Баҳриддин шод шуданд, вохӯрӣ бо ҳамшаҳрии номиаш
Сафаралиҷон дар Сари Осиё дар иҳотаи генералҳои ӯзбек бо роҳбарии Рустам
Ахмедов, чи тавр ӯро рӯ рӯи даст бардошта мегарданд, мегуянд ки Каримов
Сафаралиҷона президенти Тоҷикистон таъин менамояд. Ӯзбекҳо қадри одами
муборакба мерасанд. Маслиҳат кардем ки ғармиву помирӣ муллоҳою
растохезҳоро нест кунем, дар мамлакат
серию пури тинҷию оромӣ мешавад. Ба дастаи мо супориш шуд ки кӯҳҳои атрофро бояд
аз гурезаҳои ғармию растохезҳою муллоҳо тоза кунем. Пагоҳ ба роҳ мебароем,
маоши боевикҳо 10 ҳазор суммӣ. Адади 10 ҳазорро шунида кулли ҳозирин мекушид,
то Саги Сироҷ онҳоро ба даста гирад. Яке мегуфт ки дар камаре ғармиеро дидааст,
дигаре хабар медод ки шабҳо гулханашон аён аст. Пагоҳ Саги Сироҷ панҷ нафар
ҳаводорони ашаддии Каримову Кенҷаевро бо худ гирифта ба роҳ даромаданд. Ба
аспҳо хӯрокворию курпа бор карданд, зеро силоҳбадастон то кӯҳҳоро аз ғармиён тоза накунанд ба деҳа фаромадани
набуданд. Пас аз гардиши сиёсии кишвар
мавқеъи зани Саги Сироҷ – Хосият низ дар деҳа тағир ёфт. Кунун дар
маъракаҳои бонувон ӯро аз ҳама боло ҷой медоданд, ба суханҳояш гӯш медоданду
маслиҳатҳо мепурсиданд. Қолину гилемҳо, маътоҳои рангоранг, майду ҷуйдаҳое,
ки писаронаш аз турктозиашон меоварданд,
кулбаи Хосиятро оро медод. Аз субҳ то шом
аз магнитафон садои мубораки Ҷӯрабекҷону Хосияхон ба фазои деҳа
танинандоз мегашт. Аз телевизони “Панасоник” бо ҳамсоягон видеофилмро перомуни
фарзанди бузурги Яғноб Сафаралиҷонро пайваста тамошо мекарданд ва аксҳои азими
бузургмардони диёр кулбаро оро медод. Хосиятхон ба занҳо гаштаю баргашта таъкид мекард ки агар
Сафаралиҷон бо ако Исломҷон Каримов дар Сарводаю Регару Термезу Сари Осиё
Фронти халқиро ташкил намуда ба нест кардани муллою растохезҳо ғармию помирҳо
сар намекарданд, занҳо аз нав ғуломи муллоҳою эшонҳо мешуданд. Қушқорбеку
Буриқулу Оттаурк мегӯйанд ки ба кадом қишлоқе даромада аз исломиҳо тоза кунем,
мардум аз хурсандеша чизе ки дорад аз қолин сар карда то телевизору мошинаша бароварда тӯҳфа
мекунанд. – Раҳмат ба шумоён, ки моро аз ҷабру зулми муллоҳо озод кардетон. Дар
баъзе қишлоқҳо мегуянд, ки занҳо аз хурсандешона аскаройи Сафаралиҷон омада
гуфта духтарошона тӯҳфа мекарданд. Бачаҳоба мардум барои хизматҳояшон 20 мошину
мотосикил тӯҳфа доденд, Отатуркҷон ҳамеша бурда дар бозори Пахтаобод фурӯхт.
Дар он ҷо акои Исломҷон Каримов махсус одамонро баҳри харидани тӯҳфаҳои
аскарони Фронти халқӣ равон намудааст. Акои Сафалиҷон гуфтаанд ки агар кӯҳҳои атрофа аз ғармию растохезҳо тоза кунетон,
насиб бошад зиндагиҳоятон серию тинҷӣ нону орд собуну равған бепул мешавад.
Бади ду сол коммунизми симояш одаммонанд сар мешаваду Тоҷикистону Ӯзбакистон
зери сарвари роҳбари хирандмандонаи акои Исломҷон Каримов ба биҳишт табдил
меёбанд.
Занҳо сафсатаҳои зани Саги Сироҷро бо даҳони
воз гӯш карда сар меҷунбониданд шукр мекарданд ки Каримову Кенҷаев борин
шахсони адолатпарвар буданд, вагарна ҳоли онҳо чи мешуд?
Пас аз се ҳафта дастаи Саги Сироҷ аз кӯҳ
фаромад. Пеш пеш Саги Сироҷ бо виқорона қадам мепартофт. Саҳл сар ҷунбонида
саломи ҳамдеҳагонашро алек мегирифт. Дар назди масҷид мардум силоҳбадастонро
пешвоз гирифтанд. Аз суханони силоҳдорон бармеомад, ки то 60 – 70 вовчика нест
карданд. Баъзеяшон аз груснугию хунукӣ дар ҷояшон мурда мондаанд.
Рӯзи дигар Саги Сироҷ баҳри ҳисобот додан ба
штаб рафт ва аз он тараф бо тӯҳфаҳои зиёде баргашт. Бегоҳи дар масҷид Саги
Сироҷ эълон кард ки минбад ин ҷо масҷид нею клуби сурх ҳисобида шавад, касе ки
намоз хондани бошад рафта дар хонаш хонад. Дигар моба ислому пислом лозим нест.
Ҳамаи касофато аз таги пои исломиҳою
муллоҳо хеста истодааст. Бо амри майор дар пешгоҳи масҷид расмҳои се
бародароне, ки баҳри ғалабаи ҳокимияти конститутсионӣ саҳм гузошта – Ислом Каримов, Сафаралӣ Кенҷаев,
Сангак Сафаров овехта шуд. Ва ба номи ҳокимияти нав мактубе навишта дархост
намуданд, то иҷозат диҳанд номи совхозашонро ба номи фарзанди бузурги турк
Ислом Каримов, ки баҳри нест кардани исломиёни ба сари қудрат овардани
ҳокимияти конститутсионӣ саҳми бузурге гузоштааст, номгузорӣ намоянд.
Рӯзе ки туркон лухтаки хеш раққос аз қавми
қарлуқ Эмомалӣ Раҳмоновро савори танкҳо зери ҳимояи гурӯҳҳои махсуси Ӯзбекистон
вориди Душанбе сохтанд, сокинони Янгиюли Боло тӯйи бузурге барпо намуда,
говҳоро куштанд, хӯроки мухталиф пухтанд, ҳофизони маҳаллӣ баромад карданд.
Саги Сироҷ ба сарояндагон таъкид кард ки бештар сурудҳои ӯзбекӣ хонанд. Лаҳзае
ки писаронаш хабар оварданд ки дар Душанбе дар ҳар қадам ҷасадҳои ғармию помирю
исломиҳою растохезҳо хуфтаанд. Саги Сироҷ аз хурсандӣ бо ёронаш ҳафтае нӯшиданду
хӯрданд.
Дере нагузашта Саги Сироҷ писаронашро баҳри
валангор сохтани ватани қозӣ Кофарниҳон гусел кард. Ӯ мефахрид ки писаронаш
сарбозони лашкари Сафаралиҷонанд. Насиб бошад ба қариб кифтони фарзанди
бузургаш Отатуркро ситораҳои полковники оро хоҳад дод. Ҳангоме ки се сарбози
Сафаралиҷон аз назар ниҳон шуданд, Саги Сироҷ аз дил гузаронд, то рӯзе ки онҳо
зиндаанд миллати турк ва яке аз шохаҳои азими он калтатойҳо нест нахоҳанд шуд.
Субҳе фиғони занаш ӯро аз хоб бедор намуд.
Дар берун мошини “Ёри таъҷилӣ” бо ҷасади писаронаш меистод...
Ҳабиб
Саид, соли 1993, деҳаи Новосакмарск - Урали
Ҷанубӣ
Комментариев нет:
Отправить комментарий