Писарчае дар шаҳри хунполо
(Ҳикоя)
Чун ҷунуни гом мезад. Гуруснагию хастагӣ роҳпаймоиро сония ба сония душвортару имконнопазиртар месохт. Билохир болои замини нам нишаст, пойҳояш месӯхтанд. – Худоё, оё падару модарашро зинда меёфта бошад? Каллабурон бобоҷонашро баҳри мулло буданаш ба сутуни масҷид баста тирборон намуданд. Кунун деҳа валангор асту мардум ба самти кӯҳ фирор дорад. Ӯро низ бо худ бурданд, вале ӯ ноаён аз фирориён канда шуда роҳи шаҳрро пеш гирифт. Бо азобе аз ҷояш бархоста роҳашро идома дод.
Дар сари теппа фосилае андешида истод. Чароғҳои шаҳрро ӯ бори нахуст чунин
ғамгин медид, гӯё онҳо дар сугвории соҳибонашон мотам гирифтаанд. Бо роҳи асоси
вориди шаҳр гардад, ногузир ба даст меафтад, бинобарин роҳи дигарро интихоб
бинмуд. Кӯчаҳо холӣ буданду чароғҳои кулбаҳо хомӯш. Ҳатто акосси сагҳо ба гӯш
намерасид. Дар интиҳои тангкӯчаи ба роҳи калон баранда, ғурриш танкҳо ӯро аз
роҳ боздошт. Худро паси дарахтон бигирифт. Низомиён бо дастбандҳои сурх болои
танкҳо нишаста атрофро бо диққат аз назар гузаронида мегузаштанд. Пас он ки
онҳо аз мадди назар пинҳон шуданд аз паноҳгоҳаш берун омад. Дар кӯча ҷонзоде
наметофт. Зуд ба самти дигар гузашта худро дохили биноҳои
бисёрқабата зад. Дар ин самти шаҳр бошад тирезаҳо фурӯзон буданд, пас аз
фосилае боз ба шоҳроҳ баромад. Лаҳзае
бозистод. Садои гомзанӣ ба гӯш расид. Худро зуд паси чиноре гирифт. Автоматчиёни
зиёде баробар гом мепартофтанд. Барқосо худро дохили бинои наздиктарин гирифт.
Гуфтугузори омехтаи туркию тоҷикии низомиён ба гӯш расид, ки бозистода баҳри
соати аз дасти қурбонии навбати ба даст афтода бо ҳам хархаша доштанд. Ва
баробари пайдо шудани танкҳо фавран аз ниъзо даст кашида роҳашонро идома доданд.
Фосилае пас аз нав хомӯшӣ ҳукумфармо гашт, вале ҷасорат намекард аз паноҳгоҳ
берун равад. Боз мудате чанд бигузашт ҳаросону ларзон кӯчаро убур намуда дар
дохили биноҳо нопадид гашт. Ҳавлиҳо хомӯшу ваҳмангез буданд, дар онҳо аҳён-аҳён
тирезаҳои фурӯзон ба чашм мерасид. Машинаи чароғаш нимфурӯзон, ки дар
даромадгоҳи бино меистоду дар наздаш силоҳбадастон гаштугузор доштанд. Аз роҳаш
бозистод. Садои фиғони зан ба гӯш расид, ки писарашро аз дасти “шикорчиён” раҳо
карданӣ буд, вале онҳо сайди навбатиро зери мушту лагад гирифта ба мошин тела
доданд. Зан худро зери чарх партофт. Силоҳбадастон ӯро дашномҳои қабеҳ дода аз
дасту пояш кашолакунон андаруни ҷӯйи ифлос андохта ба машин нишастанд. Зан дид
ки машина ба ҳаракат даромад, барқосо аз ҷояш бархоста худро боз зери чарх
андохт. Роҳи танг имконияти гардишро намедод. Аз машина касе набаромад фосилае
пасноки бирафта сипас бо суръат аз болои зан гузашт. Фиғони даҳшатангезе
баромад ва лаҳзае пас машинаро торикии ваҳмангез паси пардаи сияҳфоми хеш ниҳон
сохт. Ин ваҳшонияти даҳшатангез ӯро ба ларза овард. Нерӯи ҳарактро надошт. Яке аз
қотилонро шинохт. Ӯ аз ургутиҳои маҳалашон ба ҳисоб мерафт. Пас аз бозсози ӯ
нахустин шуда дар шаҳр ҳоҷатхонаи пулакӣ кушод. Мегуфтанд, ки нафраташ ба
тоҷикон он дараҷа зиёд аст, ки ҳатто сояашонро аз девор тарошида мепартояд.
Ҳоло ӯ бо ҳамқабилагонаш тоҷик шикор мекард. Дуру дароз дар паноҳгоҳаш нишаста
монд. Бо азобе аз ҷояш бархост. Чанд қадам партофт, чашмаш ба ҷасади зан бархӯрд.
Хам шуда чашмони занро пӯшонд. Дигар худро дошта натавониста фирор бинмуд. Ба
чизе пешипо хӯрда сарозер афтод. Барқосо бархоста бо шитоб худро канор
бигирифт. Худоё, чӣ даҳшатест дар ҳар қадам мурдаҳо хуфтаанд. Фирор чи фосилае идома ёфт, худ намедонист. Ногоҳ
бозистод. Ӯ рӯ ба рӯи ҳавлиашон меистод. Чароғҳои даромадгоҳ хомӯш буданд. Дар
атрофи даромадгоҳи охирин бошад чароғҳои зиёде фурӯзон буданду садои хандаву
мусиқӣ ба фалак мепечид. Бовариаш наомад, наход дар шаҳри саросар мурдаҳо зер
карда садои дафу ҷанг баланд гардад. Зинаҳо чунон торик буд ки пешашро бо азобе медид. Дари хона дар ҷояш
набуд. Чароғро фурӯзон сохт. Кулба холӣ буд. Ҳатто ванаро канда бурдаанд. Дар
девори даромадгоҳ паи изҳои хунин баръало намоён буд. Каллабурон пеш аз он ки
падару модарашро баранд, онҳоро зери шиканҷа гирифтаанд. Аз таги қоғазпораҳои
аксеро дарёфт ки дар он ӯ хурдакак байни волиданаш нишастааст. Тӯлонӣ ба акс
нигарист, чашмонашро ашк зер кард. Наход дигар ба дидорашон муяссар нагардад.
Бобоҷонашро куштанду падару модарашро бурданд. Кунун навбати ӯст. Нигоҳаш ба
китоби махмалине, ки назди даромадгоҳ
хуфта афтод. Китобро бардошта бовариаш наомад - Қурони Маҷид. Онро бӯсиду
расмро андарунаш гузошта бадар рафтанӣ шуд. Бори дигар кулбае, ки рӯзҳои
заррини хешро бо падару модараш дар он гузошта буд аз назар гузаронид.
Дар поён базм идома дошт. Ӯ нахуст пиндошт,
ки тӯйи арусист ё хатнаи писар. Гӯш ба қимор истод. Дарки моҳияти суханрониҳо
душвор буд, зеро он ба ӯзбакию русӣ садо медод. Суханронон пайваста исми
Маҳкамбойро ба забон мегирифтанд, ки то дирӯз мудири ошхона буданду ҳокимияти
конститутсионӣ имрӯз он касро ба яке аз мансабҳои олӣ шинонд, насиб бошад,
фардо бо мадади ёру дӯстону кишвари ҳамсоя ба курсии президентӣ мешинанд.
Баромади амаки Тӯрабой ӯро мутаҳайр
сохт. Бовариаш намеомад, ки ин садои амаки Тӯрабой аст. Наздиктар рафт. Бори
нахустин мешунид, ки амаки Тӯрабой ба ӯзбакӣ сухан меронд. Ӯ гаштаю баргашта
перомуни сифатҳои нодири Маҳкамбой сухан ронда як будани решаҳои мардуми
Хуҷанду Тошканд садоқати Кӯлобу Ҳисору Айниро қайд карда гузашт, зеро давлати
ҷадидро маҳз алянси туркону калтатойҳо бо роҳбарии хирадмандонаи Ислом Каримов ба
сари қудрат шинонданд. Аз Ислом Каримов
миннатдор буд ки ҳамшаҳриаш Саттор Турсунро, котиби матбуоти Эмомалӣ Раҳмонов
таъин кардааст... Шояд амаки Тӯрабой дар
бораи волидайнаш чизе донад. Ҳангоме, ки ба кат наздик шуд, амаки Тӯрабой хешро
чунин вонамуд сохт, ки ӯро надидаасту намешиносад. Ҳайрон истод. Билохир пештар
рафт. “Амак”, “амак” –гӯён нидо кард. Вале амаки Тӯрабой ҳамоно карахт менишаст,
гӯё кар буд. Ноилоҷ аз остинаш кашид.
-Ҳа бача, чи гапат
буд?
-Амак падару
модарам дар куҷо?
-Намедонам. Рав аз
ин ҷо! Ин ҷо ҷойи ту не.
-Наход надонед?
-Намедонам гуфтам
ку! Рав, маро гаранг накун!
Ноилоҷ аз давра берун
баромад. Куҷо равад? Шояд аз хонаи холааш чизеро фаҳмидан муяссар гардад. Ба
канори дигари шаҳр рафтан рост меояд. Бо дохили биноҳо роҳ пеш гирифт, то ба дасти
каллабурони Фронти халқӣ наафтад. Боз аз нав ӯро ҳавлиҳои хомӯш иҳота намуданд.
Дар ин самт раштиён мезистанд. Кунун дар ин ҷо ҳаёт қатъ гашта буд. Ҳатто
аккоси сагон ба гӯш намерасид. Хост ҷӯйро
бигзарад, вале мурдаҳои зиёди буйгирифтаро дид ки болои ҳам мехуфтанд.
Бо дасташ биниашро зер кард. Касе ба дафни ҷасадҳо ҷуръат намекард, зеро ӯро сарнавишти
онон интизор буд. Ҳангоме ки ҳавлиҳо интиҳо ёфтанд ӯ рӯ ба рӯи майдони калоне
баромад, ки дар он самташ боз маҳалла идома меёфт. Хост майдонро убур бинамояд,
чашмаш ба силоҳдорони гаштугузоркунанда афтод.
Қисме дар атрофи гулхан гирд омада суҳбат доштанду дар дег гӯшт бирён мешуд.
Ва начадон дуртар аз дег каллаю пӯсти ҷавони сар зада мехуфт. Аз дохили вагон
садои хандаи занону мусиқӣ ба гӯш мерасид. Худро паси дарахте гирифт. Гузаштан
хафнок буд. Агар майдонро давр зада гузарад ба шоҳроҳ баромадан рост меомад, ки
ин ваъзро боз ҳам душвортар месохт. Ва ин сония аз вагон касе баромада фарёд
зад, ки шаби эҷодии Ҷӯрабек Муродов сар шуд. Ва назди дегбудагон низ вориди
вагон гардиданд. Ба хотираш суханони падараш
расиданд, ки боре перомуни шахсияти ин
ҳофизи дарборӣ гуфта буд ки баҳри мансабу пайса “халқи азизам” гуфта ҳамаро ба савдо мезанад. Дар шабу рӯзе ки
ҳазорон – ҳазоронро ба қатл расонданду садои наҳваи модарон ба фалак печидааст,
миллат ба вартаи нобудӣ равон аст, ӯ шаби эҷодӣ меорояд. – Худоё то чӣ дараҷа ин
амал нафратовар аст?
Ҳангоме ки охирин силоҳбадаст вориди вагон гашт ӯ аз ҷояш
бархост. Нисфи майдонро убур карда буд ки аз пеш нидои “Туриш” баланд гардид.
Хешро ба самти шоҳроҳ зад. Садои тир баланд гашт. Овози тирро шунида вагон
будагон низ берун омаданд. Тирпарронии бенизоме оғоз гардид. Тирҳо висозанон аз
наздаш гузашта мерафтанд. Лаҳзае ки тирпарронӣ хомӯш мегардид, аз ҷояш бархоста
боз ба пеш медавид. Ҳангоме, ки ба кӯча баромад гурӯҳи тақибкунандагон афзуд.
Чинорҳои азим сипаре буданд якдигарро иваз
бинмуда пайкари хурдакаки ӯро зери қаноти хеш гирифта аз тирҳои сӯзон
эмин медоштанд. Ба пас нигариста танкҳою БМП-ҳоро дид ки ба тақиб пайваст
шуданд. Сония ба сония наздиктар меомаданд. Афсарони русу ӯзбак аз люкҳо сар
бароварда саҳнаи “шикорро” тамошо
мекарданд. Сайд лаҳза ба лаҳза хастатару пойҳои ноозмуда заифтар мегаштанд.
Афсарони олирутбаи русу ӯзбак дар танки
пеш нишаста ба кружкаҳо арақ рехта баҳри пирӯзии амалиёти мазкур қадаҳ барошта
ба ивази газак ҳамдигарро бӯсиданд. Афсари ӯзбак аз куҷое расми аз рӯзнома
буридаи Каримовро, ки маҷак гашта буд бо туфаш ба люки танк часпонид.
Тасмачархҳо ба ӯ наздик мешуданд. Дарк сохт, ки сонияҳои охирин даррасиданду
аждари фулодини ӯро ба комаш дархоҳад кашад. Тамом..тамом...тамом... Ба тани
чинор такя бинмуда Қуръонро дар синааш зер кард дар ҷояш афтид. Ногоҳан бадани
чинор во бишуда ӯро ба оғӯши хеш кашида зи назарҳо пиҳон сохт.
Афсарону аскарон дар ғазаб буданду якдигарро
дашмон медоданд, ки сайд куҷост?
Кружкаҳо аз дасти афсарон афтода зери
тасмачархҳо бимонд. Акси дар люки танк часпонидаи Каримовро бод ба самт
ахлоттуда бурд.
Ҳабиб Саид, соли 1993, шаҳри Бишкек
Комментариев нет:
Отправить комментарий