понедельник, 3 июня 2024 г.

Кулоҳе, ки андар он саг пешоб сар дод

(Ҳикоя)

   Дар як лаҳзае аз кулбаи мулло ному нишон намонд, дару терезаҳоро канданд, булдозер дар фосилаи ночизе ҳамаро ба замин ҳамвор бисохт, гӯё дар ин ҷо ҳавлӣ набуд. Кадхудоро аз пойҳояш ба чормағз овехта зери шиганҷа бигирифтанд. Доду фарёди мулло ба силоҳбадастон кайфият  мебахшид. Билохир аз ин дилхушӣ хаста гашта худро зери дарахтон партофтанд. Фавран марди солхӯрдае бо зарфи шароб ҳозир шуд. Аз киссаҳои хилаташ стаканҳоро берун овард:

- Бизанен шербачаҳо! Насиб бошад ин падарлаънатойа ҳамеша аз беху бунаш решакан мекунем.Шаробро нӯшида пораҳои гӯшти хоми аз ошхонаи мулло ёфтаро газак намуданд. Садои фиғони зан ба гӯш мерасид, ки шербачаҳо таҷовуз мекарданд.Ҳамин лаҳза ду шербача аз таҷовузгоҳ баргаштанд. Мард фавран ба онҳо шароб бирехт:

-Чӣ шиштетон? Рафта зани муллоя як кайф карда гиретон!

-Мо ҳафтсолаҳоша навбат мемонем, кампирош шумуҳонба насиб кунад.

Зани низомипӯше пайдо шуд, даста дода бо шербачаҳо вохӯрд. Андар сари зону сарвари даста, ки ҳама Тағай гуфта ном мегирифтанд, биншаст. Тағай нашъаро як ду қулоб гирифту ба дигарон дароз кард, ҳама ба навбат кашиданд. Чашмони хунгирифтаю аз наъшаю шароб хумории онҳо шаҳватангезона занро назорат мекарданд. Ноаён пойҳояшро ба намоиш гузошта ҳирсу шаҳватро андар рӯҳашон бармеангехт ва махсус домонашро болотар мебардошт, то баданашро ба намоиш гузорад. Афсӯс мехурданд, ки ҳамаи ин моли Тағай аст. Онҳо низ бенасиб намемонданд. Ҳангоме, ки Тағай ба ягон самт ғайб мезад ӯ ба ихтёри шербачаҳо мегузашт. Парторг мекушид, ки дар набудани Тағай сифати шербачаҳои нав ба навро санҷад.

   Ин лаҳза марди кулаҳпӯше бо аҳли рикобаш пайдо шуд. Нӯкарон минбари  чубинеро ҳозир намуданд. Кулаҳро яке аз ноибон зуд ба даст гирифт.

- Рафиқон! Ҷавонони содатманди даврони мо. Инқилобе, ки шумоён бар зиди душманони ашаддии сохтори мо эълон бинмудаед, муборак бод. Ҳама умеди ҳизби ҷоноҷони мо ва роҳбарияти ҷумҳурии ҳамсоя ба шумо уқобони сарбаланду ворисони Амир Темуре, ки аз каллаи ҳарифонаш манораҳо месохт, нигронида шудааст. Дар фосилаи  дӯ руз аз 105 муллоҳои наҳзатие, ки дар ноҳияи мо вуҷуд доштанд, шумоён қаҳрамонони рамзгоҳи сотсиализм ҳавлии 104 тошашро ба замин ҳамвор бинмуда ҷазояшонро додед. Ва мо бояд ба ҳуҷуми ҳалкунандаи хеш бигзарем! Душмани хунхорро, ки пири 104 нафар ҷинояткорро бар душ дорад, эшони Баҳодурхонро, бояд маҳв бисозем. Ба пеш ворисони Амир Темуру сарбозони Ислом Каримову Сафаралӣ Кенҷаев!

   Ва ҳама доду фарёдкунон аз паси кулаҳпӯш ба роҳ даромаданд. Пешо пеш парчами сурхро бардошта мебурданд. Симоҳое дағале, ки маҳсули омезиши хунҳои туркию муғулию ориёи буданд аз таъсири шаробу наъша боз ҳам бадафтар гардидаанд, ононро на ба гурӯҳи одамӣ на ҳайвонӣ шомил кардан мункин буд. Ҳангоме, ки тӯда ба ҳавлии ҷангалбон наздик шуд, саг аккос зада пеши роҳашонро гирифтанӣ шуд, вале силоҳдоре бо автомат чунон сахт ба даҳону биниаш фаровард, ки саг як нолиш даҳшатангезе карду дар ҷояш афтид, лаҳзае бозистоданд. Аз кулбае касе берун наомад. Қотиле чанд қадаме ба пеш гузошта аз тиреза ба дарун нигариста дигаронро бо ишораи даст наздаш хонд. Пирамардро диданд, ки намози пешинро мехонд. Бо ишораи кулаҳпӯш сарбозон ба ҳуҷуми барқосо гузаштанд. Дар як сония аз пирамарду кулбааш ному нишоне намонд. Ҷасади пирамарро кашолкунон ба фазои кушод бароварда болои дастаҳои ғӯзапоя партофтанд. Аз куҷое бензин оварда оташ заданд. Бӯйи ғализи ҷасади одамӣ атрофро фаро гирифт. Лаҳзае тамошо карда истоданду ба бӯй тоб наоварда ба роҳ даромаданд. Ҳамагон аз пирӯзи хушнуду мағрур буданд, хешро ин сонияҳо баҳодурони замон меҳисобиданд. Тағай модиёнашро аз дасташ дошта бо кулоҳдор гарму ҷӯшон суҳбаткунон гом мепартофтанд. Ва ногоҳ аз ҳаракат бозмонданд. Дар роҳе, ки чанде пеш гузашта буданд, замин кафида қирши азимеро ба вуҷуд оварда буд, ки имконияти гузаштан бо он самт набуд, хостанд ба дигар тараф бигузаранд, ки он ҷой ҳол ҳамин буд ба пас гаштани шуданд, ки ҳол низ чунин буд. Имконияти фирор набуд, ҳамаро даҳшат фаро гирифт. Чашмон аз ҳарос аз косахонашон мебаромаданд, ҳама бо умеди вопасин ба кулаҳпӯш менигаристанд, ки ӯ чи мегӯяд. Ӯ бошад аллакай шимашро тар карда буд. Ногаҳон бо суръати барқосо замини зери пояшон фурӯ бирафт. Ғиреви доду фарёд ба ҳаво бархост. Пас аз фосилае замин омада боз дар ҷойи нахустиниаш пайваст бигашт.Дар як сония аз одамону изи кафиши замин нишонае намонд. Ва танҳо кулаҳи якпахлу хобида нишонае аз он рафтагон буд. Аз куҷое саге пайдо шуда кулаҳро дуру дароз бӯй кашида пояшро бардошта андар он пешобашро сар дод.

 

                           Ҳабиб Саид,  Душанбе, соли 1992
















 

 

Комментариев нет:

Отправить комментарий