вторник, 4 июня 2024 г.

Тоҷике дар иҳотаи туркон

(Ҳикоя)

   Камаз бо суръат роҳи морпечро ба пас мегузошт. Силоҳбадастон намоишкорона ба атроф дида медухтанд, аммо деҳаҳои сари роҳ холиву валангор буданд. Ҷо-ҷо ҷасадҳои вайроншуда ба назар мерасид. Сарвари дастаро ӯзбаки регарӣ ба зимма дошт, зуд-зуд ба нукаронаш бо туркӣ фармонҳо медод. Ӯ ягона тоҷике буд дар иҳотаи туркони ба ҷанг раванда. Дар махаллашон ҳамагӣ ду оилаи тоҷик мезист. Оилаи нахустин писари калонсол надошт, бинбобарин андоз месупорид ва ӯ аз оилаи дуюм ягона писари имкони ба дасташ силоҳгириро дошт, ки ду моҳ пеш аз армия баргашта буду ногузир дар набардҳо ширкат меварзид, вагарна онҳоро  сарнавишти тоҷикони ғармӣ интизор буд.

   Ҳоло онҳоро барои маҳви “вовчикҳо” мебурданд. Аз пеш деҳаи валангоршуда баромад, ки вазифаи дидбонгоҳро ба ҷо меовард. Ӯзбаки калтае аз сарвари даста талаб бинмуд, то ду сарбоз диҳад, зеро ин дархости Юлдош аст. Сарвар норозиёна ғурунг-ғурунг карда ба ӯ ва сарбози дар канор нишаста фармуд, фароянд.Ва таъкид бинмуд пас аз ҳафтае онҳоро аз ин ҷо хоҳад гирифт. Калта ҳардуро аз паси худ бурда назди дарвозе боздошта худ вориди ҳавлӣ шуд. Пас аз мудате ба хонаи дарун даромаданд. Дар пешгоҳи кулба ғӯли бадҳайбати зангиандоми тангчашме менишаст. Писарчаи 14-15 солае пойҳояшро мемолиду марде тор дар даст бо тамоми ҳастиаш суруд мехонд. Баробари ворид шуданашон ҳофиз садояшро саҳл паст намуда бо қири чашм ба зангиандом нигарист. Ӯ бо сар ишорат намуд ки ҳофизиро қат намояд. Воридшудагонро бо нигоҳи сардӣ афсункунанда  синчакорона аз назар гузаронида онро дар симои ӯ боздошт.

-Ту тоҷик мӣ?

-Ҳа.

-Помирӣ?

-Не, ҳисорӣ.

-Афту андомат помириба монад ку. Ҳисории зарду чамшкабудро нав  дидам. Боз помирӣ набоши?

- Бовар накунед аз Эрмат пурсед. Помирӣ мебудам кайҳо таги хок мекарданд.

-Парво накун рӯзаш расад, ҳисорешам таги хок мекунем.

Лаҳзае хомӯшии ногуворе ба миён омад. Сипас вазифаашонро мухтасар шаҳр дод ба калта ишорат намуд:

-Командиратон Бердиқул аз хати кашидааш рафту як қадам бароетон он тарафаша ба худатон фаҳо бошад. Юлдош гапаша ба замин намегузорад.

Ва бо сар имо кард ки бароянд. Бо Бердиқул ба хонаи шифт гузаштанд, ки ошхона ҳисоб мешуд. Табохҳро фармуд ки ишками сарбозонро сер кунад, шаб ба пост мебароянд. Ва огоҳашон намуд ки то ӯро дар ҳамин ҷо интизор шаванд.

Садои бешираи ҳофиз аз паси девор баланд гардид ки офаридаи  дӯсти қарини Ислом Каримов Катта Ашӯлачиро месуруд. Ошпаз дид ки онҳо гӯш ба садои сароянда шуданд, таъкид кард ки ҳофиз пеш дар деҳаи поён директори мактаб будаасту ҳоло ҳам ҳофизу ҳам котиби шахсии Юлдошбой аст. Вақташба ҳамаи вовчикҳоро рӯйихат кардааст. Ҳозир бо супориши Юлдош рӯихати тоҷикони тозаро таёр мекунад. Юлдоша Худо умраша дароз кунад, қасам хӯрдагӣ ин тарафроя Регар барин аз тоҷик тоза карда барои  Каримову Кенҷаев правителственний дача месозанду номи района  номи худашба мемонад.

-Ҳофизам регарӣ ми? Пурсид ҳамсафаш.

-Не. Вакташба аз ҳамун тарафо омада мондагӣ. Аз ҳамшаҳриҳои акои Сафаралиҷон. Қандошона зананд дар қатори хуҷандиҳою кӯлобиҳо, ҳисориҳо барои мо ӯзбекҳо ниҳоят мардуми содиқ баромаданд. Шоиру ҳофизоша бин шабу рӯз аз телевизору радио дур нашуда ҳукумати Каримова дастгир карда истоден, хуношон тарафи худамонба меҷӯшад. Насиб бошад вовчикоя нест кунем ҳамаҳошона вазифаҳои равғанинба мешинонему бад аз давлати Каримуф роҳат карда мегардем.

   Пас аз хӯрок ба хонаи дигар гузашта худро болои матрасҳои чиркину бӯйгин партофтанд. Соҳибонашон шояд бо ҳазор як умед ин кулбаро бино карда буданд. Ҳоло он ба қароргоҳи каллабурони ӯзбак аз Фронти халқии Каримов -Кенҷаев-Сафаров табдил ёфтааст. Шояд ҳоло соҳибонаш  зери хок хуфтаанд ё дар мулки бегона фирориянд.

   Шомгоҳон марҳамбача онҳоро назди Юлдош хонд. Фармуд бо ҳофиз ба маконе мераванд, чи амре фармуд беқилу қол амалӣ бисозанд. Раҳораҳ ба ситоиши  ҳамшаҳриёнаш Сафаралӣ, Акрамалӣ, Ҷӯрабек, Амирқул, ки ба сари қудрат овардани  ҳокимияти конститутсионӣ саҳм  гузоштаанд, гаштаю баргашта номи Хосиятхонро ба забон мегирифт, ки ҳофизаи ятои замон аст, бояд ба ӯ ва Ҷӯрабек Муродов соҳибдавлатон ҳайкал гузоранду ҳатман Сафаралӣ президент, Ҷӯрабек вазири маданият, Акрамалӣ сарвари телевизон ва радио таъин гарданд...

   Назди кулбаи нимвайронае бозистоданд, ҳофиз номеро гирифта фарёд зад. Мудати тӯлоние касе пайдо нашуд. Ниҳоят дар ғижиррос зада нимроғ шуд ва аз он кампире  сар берун овард.

-Боз барои чи омадӣ, каллахӯр?

-Дарро кушоед модарҷон, гап ҳаст.

-Ту зоғи мурдора боз чи гапат буд? Куҷое ки қадами номубораки ту касофат расад аз он ҷо мурда мебарояд. Ягона бачем бурда куштетон боз чи корат мондагӣ?

- Модарҷон, находу шумо зани поку ҳалол туҳмати нобакоронба бовар кунед? Барҳриддинҷон барои ман бародари ҷонӣ мешуд, чи хел рӯи ман мешудааст, ки бародарамро кушам.

-Аз дасти шумуҳон хоинону курнамакон ҳамаи кор мебиёд. Бечора бачаҳои мардуми бурда мекушетону боз то саҳара укоҳотон ӯзбакоба ашулаҳотона мехонетон.

-Модарҷон ин гапҳои  беҷоя дар ҳаққӣ бародарони ӯзбек нагуед. Бародарони ӯзбекамон шабу рӯз дар ғами миллати мойянд. Юлдошбой мана наздатонба фристонд, ки писари  Баҳриддинҷона гирифта биёр, ягон ёрдам бошад, ёри расонем.

Пас аз ин суханон кампир чун ҷунунӣ гашта селаи сангҳоро ба самти ҳофиз андохт.

-Гум шав! Даф шав! Саги мурдор! Бачаамро куштӣ, боз мехоҳӣ ки небарамро бурда марҳамбачаи Юлдош кунӣ! Лозим бошад зану бачета бар, саги мурдор ғуломи ӯзбако. Туро дар ин қишлоқ чун фарзанд қабул кардем, ту бошад имрӯз бо ӯзбако як шуда фарзандони моро нобуд мекунӣ. Хонет сӯзат ту борин директора...

Ҳофиз ба ӯзбекбача фармуд кампирро аз сари роҳ бардорад ва ӯ сонияе наандешида оташ кушод. Капир дар остонаи дар сарозер афтод. Аз паси ҳофиз ба кулба зада даромаданд. Дар кунҷ зане гирёну ҳаросон сари гавҳора менишаст.

-Кани бачет?

-Дар хони холеш?

-Дуруғ нагӯй, қанҷиқ. Дар куҷо пинҳон кардӣ?Хонаро кобед! Ёғибеки Фалғариро то ҳол ягон вовчик фиреб дода натавонистааст, ки ба ту мӯйдарози ақлкӯтоҳ муяссар гардад. Ҳуҷраҳоро такорӯ намуданд, вале аз бача нишонае набуд. Ҳофиз  ба сарбозон фармуд, ки оғилу коҳдон ошхонаву анборро такорӯй  созанд. Худ ба бом баромад, аммо аз бача нишоне набуд. Боз ба кулба баргаштанд.  Ҳофиз аз нав ба таҳдиду фарёд бигузашт. Чизе ба хотираш расидагӣ барин, сонияе суқут бинмуда фармуд то аз болои фарш гилемҳоро ғундоранд. Ҳофиз тахтаҳоро бо пойаш санҷида тахтаҳои ковокро бардошт. Ҷое аён гашт, ки дар гӯшааш писарчаи 10-12 солаи зебо ҳаросон менишаст. Зан аз он ки  ҷону ҷигараш ба дасти ҷаллодон афтод, фиғонкунон  ҷангол бар гулӯи ҳофиз зад.

-Хонат бисӯзад манғит! Отеша вовчик гуфта куштӣ, бачеша бурда ӯзбакотба  тортуқ карданӣ. Илоҳи, аву авлодатба қирон биёяд саги манғит.

Дастонро зи гулӯяш дур андохта зери лагад гирифт. Зан мекушид, то бихезаду ҷигарбандашро аз шармандагии бемисл наҷот бидиҳад, зеро аз зери борони лағадҳо наҷот ёфта натавонист. Писарчаи гирёну нолонро аз ҷоҳ берун кашида  бо худ бурбаданд. Наҳваи дилхароши зан дар фазои деҳаи туркон  ба вайрона табдилдода аксандозӣ мекард.

-Хонат сӯзад манғит!Хонат сӯзат Каримуф! Хонат сӯзад Кенҷаев! Хонат сӯзат Сангак! Хонат сӯзад манғит...

Сонияе, ки ҳофиз бачаро назди Юлдош даровард, ошпаз аз хурсандӣ дастонашро бо ҳам мефишурд. То ба пост баромадан бояд каме ҳам бошад дам гирифтанӣ буданд ва худро болои матрасҳо партофтанд. Суруди ҳофиз аз нав баланд шуд. Кунун ӯ сурудҳои Шералӣ Ҷӯраевро ба хуҷаинаш пешкаш мекард. Ошпаз низ корашро ба анҷом расонида дар гӯшае дароз кашид. Дид ки ӯ ҳоло хоб нест, ноаён суҳбатро оғоз намуда ба таърифу тасвифи Юлдош пардохт, чи тавр бо Ибод Регарро аз тоҷику вовчико тоза карданд. Агар Қаротегину Бадахшон аз “ чисткаи” Каримову Кенҷаеву Сангак мегузаштанд, ин сарзамин пурра аз тоҷик холӣ мешуд. Хуҷандиҳо бошанд бо роҳбарии ӯзбекӣ исфисорӣ Ҳомидов вилояти Ленинободро ба Ӯзбекистон пайваста мардумро дар паспорташон ӯзбек хоҳанд навишт. Тоҷикони ба Афғонистон гурехтаро бошад генерал Дӯстум нест мекунанд. Рӯзе ки вовчикоя нест кунем, насиб бошад Юлдош баъди Абдурашид Дӯстум дуюмин сарлашкари ӯзбек хоҳад шуду ҷилави вазорати мудофиаро ба даст хоҳад гирифт. Ва он гоҳ  барои сохтани империяи бузурги туркон дигар монеъае вуҷуд нахоҳад дошт...

   Аз хонаи шифт садои гиряи писарча ба гӯш мерасид. Ошпаз гиряро шунида  мамунона хабар дод ки имшаб ба писарча либоси духтарона хоҳанд пӯшонд. Юлдош бачаҳои зеборо дӯст медорад...

   Ошпаз дид ки ӯ майли суҳбатро надораду худро ба хоб задааст низ чашмонашро пӯшид.

   Шом сарбозон бидуни чор нафари дар пост буда баргаштанд. Аз куҷое арақу наъша пайдо шуд, ошпаз хӯрок овард, маишат дар авҷ буд. Аз гуфторашон бармеомад, ки ба деҳаи боло рафтанианд. Аз рӯйи хабари ҳофиз дар кулбае симинпайкареро ниҳон сохтаанд. Ба ӯ таваҷҷуҳ насохтанд, гӯё вуҷуд надошт. Пеш аз кашидани кабоб баройи ҳавои тоза гирифтан ҳамагон ба берун баромаданд. Бо ӯ ӯзбакӣ ландаҳурсифате пойҳояшро андаруни дастурхон дароз намуда бимонд. Дере нагузашта ӯро хоб бурд. Фавран аз автоматҳо магазинҳояшро кушода гирифта дар миёнаш зери либос чинд. Ошпаз сарбозонро даъват намуд, ки кабоб таёр асту ба хона дароянд. Ба силоҳҳо таваҷҷӯҳ насохта пасопеш ба гирди дастурхон нишаста ба ҳуҷуми кабоб пардохтанд. Ошпаз ӯзбакӣ хуфтаро дашномкунон бедор сохта худ ба хӯриш ҳамроҳ гашт. Бепарвоёна вориди кулба гашта фавран кулангро зер кард. Ба касе муяссар нашуд ақаллан бархезад. Ҷасадҳои нигоҳашон даҳшатзеркарда болои дастурхонро  пур карданд. Худро ба самти хонаи ҳофизу Юлдош нишаста зад. Юлдошроро дид, ки дар даст таппонча берун меояд. Торики ба Юлдош имкон намедод, ки ӯро бинад. Бо садои ларзон номи Буриқулро гирифта фарёд мекард. Милли автоматро ба самташ равон сохт, Юлдош чун дарахти тосидаи табархӯрда сарнагун афтод. Вориди хона гашта ҳофизро дид, ки чун шутурмурӯғ сарашро зери болишт кардааст.

-Хез аз ҷоят саги манғит! Бача канӣ?

-Ба шумо мурам, мана напаронед, ман гуноҳ надорам, мана номардо фиреб карданд.

-Саг ман аз ту бачаро пурсида истодаам!

-Дар хона. Ба шумо мурам маро напаронед, ман бачу каҷ дорам.

-Тез бачаро барор!

Аз хона писари чашмонаш аз гиря варамида берун омад. Ҳаросон ба ҳарду менигарист.

-Дарро саг!

-Ба шумо мурам, маро накушед, ман ба акаи Сафаралӣ Кенҷаев авлод мешавам.

-Зани акои Сафаралета...

-Ба хона даро!

Аз гиребонаш гирифта ба дарун даровард, то чашми писарча наафтад. Ҳофиз фаршро палмосида пойашро бӯсидани шуд, вале бо милли автомат дур афканда кулангро пахш карда магазинро холӣ намуд, тирҳо пайкари ҳофизро чун ғалбер сурох бинмуданд. Сонияе ки берун омад писарча чун даҳшатзада худро кунҷи хона гирифта буд. Хост аз дасташ гирад, аммо наздик намешуд.

-Натарс, ман тоҷикам.

Кӯча ором буд. Посбонҳо шояд садои тирпарониро шунида фирор намуданд, то фардо касе ҷуръати ба ин ҷо наздик шуданро нахоҳад кард.

Чароғи ҳавлӣ хомӯш буд. Нидо кард, вале ҷавобе нашунид. Дид ки бо ин услуб натиҷае ҳосил нахоҳад шуд. Писарчаро фармуд то модарашро фарёд созад. Пас аз фосилае дар ғижиррос заду ва аз он сари зан берун омад. Писарча модарашро дидан баробар ба самташ давид. Зани аз ғуссаву дард чунингаштаро бовариаш намеомад ҷигарбандаш баргаштааст. Ӯро мепалмосид, мебӯсид, нобоварона баргашта менигарист. Ба хотираш расид ки марди силоҳдоре онҳоро назора месозад. Аз писарча пурсон шуд ки ӯ кист? Ҷигарбандаш посух дод ки ӯро наҷот дод, вале намедонад ӯ кист.

-Апа дар қишлоқ одам бисёр мӣ?

-Не! Ману муйсафеду кампири ҳамсояем, ҳоло назди мурдаи раҳматии хуштоманам нишастем.

-Мурдаро фавран даф кунетону шабошаб аз ин ҷо баромада раветон, фардо ӯзбакҳо ҳамро қир хоҳанд кард.

Ман қисми зиёдашонро нобуд сохтам, ба тарафи пост навраетон, ки чор нафарашон дар ҳамон самт паноҳ бурданд. Дигар сухане накарда пас гашт.

-Додар ту куҷоӣ?

- Ман тоҷик...

Оҳиста – оҳиста гом партофта аз деҳаи вориси манғитиён талаву тороҷ намуда дур шуд. Моҳтоб дашти зери барф хуфтаро мунаввар месохт.

 

      Ҳабиб Саид, деҳаи Новосакмарск - Урали Ҷанубӣ, соли 1993
















 

 

Комментариев нет:

Отправить комментарий