понедельник, 3 июня 2024 г.

Чоҳкане дар зери чоҳ

(Ҳикоя)

   Пирамард ҳар пагоҳ пас аз шунидани хабарҳои охирин роҳи чойхонаи деҳаро пеш мегирифт. Мӯзаи афсарӣ, шими голифе, френҷ, кепка, чубуқ, мӯйлаб ва дастонашро ба пушт бурда гом партофтан ӯро бо Сталин умумияте амиқе мебахшид. Пирамард пайваста мекушид, ки монандиашро бо доҳӣ қавитар бисозад. Ӯро ниҳоят хуш мемомад ки дар дар пасаш Амирқули Султонқул нею Сталин ё Иосиф Вассириронович гуфта ном мегирифтанд. Бисёр вақт яке аз китобҳои доҳиёни сохтори коммунистиро бардошта мегашт. Ва ё рӯзномаи “Правда”-ро дар соқи мӯзааш зер мекард, перомуни шахсиятҳои муътабари  ҷомеъи сотсиалистӣ, дастовардҳои  сохтори коммунистӣ, ҳамшаҳриҳои муътабараш сухани носазое бигӯяд ё демократу исломиҳоро васф бинмояд, дар ин лаҳзаҳо пирамард омода буд ки ҳарифашро буғӣ карда кушад. Чун зодаи Фалғар ӯ номи қуддуси Катта Ашулачию Катта Прокурорро ва сарвари ҷумҳури ҳамсоя Каримовро бо эҳтироми хосе ба забон мегирифту омода буд ки хоки пояшонро бӯсида бар дидаҳояш бимолад. Дар назди ӯ касе намоз намехонд ва ё дар ситоши Худову Расул сухане намегуфт, зеро ин ногузир бо муштзанию  дашномдиҳӣ меанҷомид. Рӯзҳои охир ҳангоме ки  вориди чойхона мегардид фавран маҷрои суҳбат ба пирӯзиҳои паёпаи Фронти халқӣ  бармегардид.Ӯ бо фахр ба кундаи синаш мезад ки асосгузори Фронти халқӣ хамшаҳрии ӯсту сарварони ҷумҳурии ҳамсоя ӯро чун қаҳрамони миллӣ рӯ рӯи даст бардошта  мегарданд. Насиб бошад рӯзҳои наздик қадами мубораки лашкари он фарзанди қуддуси  диёр ба ин ҷо хоҳад расид ва он гоҳ онҳо бо ҳам хасу хошоки ба сохтори сотсиалистӣ монеъшавандаро оташ хоҳанд зад, то дигар  тухми  ин алафҳои ба муҳити коммунистӣ бегона дар ин сарзамини шукуфон, насабзад. Ва кулли аҳли нишаст низ дербоз  интизор мекашиданд, ки ҳарчи зудтар  сарбозони Фронт халқӣ вориди деҳа гашта ба “чистка” пардозанд. Ва онҳо ҳарифу шахсони номақбулашонро бармаҳал ба рӯйихати ниҳони хеш сабт намуда буданд. Пас аз истеъмоли оши палаву арақ ҳаррӯзии хеш ҳаводорони Фронти халқӣ пароканда мешуданд. Амирқули Султонқул ба 76 солагиаш нигоҳ накарда дар арақнӯшӣ ҳамаро мот месохт ва арақ сабабгори соҳибмансабшавии ӯ гардида буд. Он солҳое ки дар МТС кор мекард, рӯзе аз набудани ронандаи худ  сардорашон Вячеслав Карпович, Амирқули Султонқулро назди хеш хонда гуфт ки бояд ӯро пагоҳи ба дачаи райком баранд, зеро дар он ҷо машварати ячейкаҳои  “бехудоёни ҷавон маҳаллӣ” баргузор мегардид. Пас аз анҷоми машварат иштирокчиён дачаро тарк гуфтанд, аммо Вячеслав Карпович, котиби райкому раиси НКВД он ҷо монданд. Қарибиҳои шом посбон ӯро ба назди сардораш даъват намуд. Дохили бино гашта дастурхони пурнозу неъмат, симоҳои аз шароб сурхгаштаи сарварони району ойимҳои ҳурсиморо дид. Вячеслав Карпович ӯро ба нишастан таклиф намуда ба котиби райком Сигузмунд Туфтауллин ишорат  кард ки ронандааш дар шаробнӯшӣ ҳамаро ба як нул мезанад ва бо сар ба Амирқул ишорат намуд ки: “кани як нишон деҳ, то даҳонашон воз монад”. Амирқул  нахуст дасту по гум кард, вале дид ки кулли нишастагон нобоварона ба ӯ менигаранд. Фавран ба косаи чинӣ шишаи арақро холӣ намуда ба он нон пора намуд. Нахуст пораҳои нонро фурӯ бурд. Ҳамагон ин рӯйдодро  бо даҳони во тамошо мекарданд. Ва пас аз фосилае косаро чун дӯғ дам кашид. Ҳамин тур косаи дуюм ва сеюмро ба гӯлуяш равон намуд. Ҳозирин аз ин корнома моту маҳбут ба ҳамдигар менигаристанд. Вячеслав бо ифтихор ба самти  Туфтауллин ишорат намуд:

-Да, Вячеслав Карпович, ты нам устроил настояший цирк. Я про токого не слыхал и не видел. Он настоящий Иван! Он наш!

Туфтауллин фаҳмид ки аз табақаи хизматгорон баромадааст, ниҳоят хушнуд гашт. Пас аз он корнома фосилаи тӯлонӣ ронандаи шахсии Туфтауллин шуда кор кард. Пеш аз районро тарк кардан Туфтауллин ронандаи  содиқашро ба яке аз МТС-ҳо сардор таъин намуд. Барои он ки пас аз рафтанаш маъшуқааш даст ба даст нашавад ӯро ба Амирқул ба шавҳар дода бо дили пур районро тарк гуфт.

   Пирамард вориди кулбаи хеш гашта ба келинаш чой фармуд. Зану писараш дар хона набуданд. Пас он ки келинаш чойро овард, пирамард дарро аз дарун баста аз ҷуздон дастаи қоғазҳоро берун овард. Ӯ ба қадам ранҷа фармудани нерӯҳои Фронти халқӣ, бармаҳал омодагӣ медид. Касоне ки бобояшон эшону домулло  гузаштанд, замину мол доштанду зери дасташон чорякорону панҷакоррон ранҷ бурдаанд, аҷдодонашон дар сафҳои босмачиҳо чангиданд, бадарға шудаанд, дар солҳои 30-уму 50-ум дар маҳбусхонаҳо нишастаанд ва онҳое ки дар аёми ба сари қудрат омадани Горбачев сар бардошта соҳиби сарват шуданд, аз партия фирор карданду ба ҳизбҳои ҷадид аъзо шуданд, дар ҳаққи партияи коммунистиву асосгузоронаш суханҳои носазое гуфтаанд, рӯзномаҳои равияи демократӣ доштаро мехонанд, муллоҳои навбаромад, онҳое ки солҳои охир риш монданд, ё фарзандонашоро ба мактабҳои динӣ доданд, намозхонҳо, онҳое ки рӯза медоранд, шахсоне ки қозиро тарафдорӣ кардаанд ва ё ҳаводорони майдони Шаҳидонанд, шӯрапуштоне ки дар васфи Каримов, Кенҷаев суханҳои носазое гуфтанд, мардуме ки баромадашон аз Бадахшону Қаротегин...

Рӯйихат рӯз ба рӯз  меафзуд. Амирқули Султонқул ният дошт ки рӯзе ки  Фронти халқӣ душманони сохтори коммунистиро назди ҳайкали Ленини идораи колхоз гирд оварда тирборон мекунад ӯ ҳам дар ин кори хайр шахсан ширкат варзида муллою ришдоронро бо дасти худ паронад. Баъзан ба боғаш, ки  аз деҳа ниҳоят дур буд, милтиқи шикориашро бо худ мебурд. Расмҳои Тураҷонзода, Абдулло Нурӣ, Шодмон Юсуф, Давлат Худойназаров, Тоҳири Абдуҷҷабор...ки аз  рӯзномаву маҷаллаҳо гирифта буд, болое санге мечинд ва то дилаш хунук шуданаша тирпаронӣ мекард. Афсӯс мехӯрд ки қозию пайравонаш то ҳол ба доми сарбозони шӯҷоъандманди Фронти халқӣ наафтиданд. Он рӯзе ки хабар расид дастаҳои Фронти халқӣ Кофарниҳонро ба замин ҳамвор сохта аз гавҳора хуфта то асо ба дастро ба теғ кашиданд, Амирқули Султонқул дарро аз дарун баста то саҳар аз хурсандӣ нӯшид ва қадаҳ бардошта орзу кард ки ҳарҷи зудтар нерӯҳои Фронти халқӣ Қаротегину Бадахшонро шудгор сохта бо булдозер ҷоҳҳои азим бикобанду аз тифли дар батни модар буда то пири фартутро зинда ба зинда гӯр кунанд, то абадан ягон даъвогарону ҳомиёни  дини ислом, бузургманишоне, ки миллати тоҷикро аз калтатою туркон ҷудо кардан мехоҳанд, бадхоҳони мардони  бузург Каримов, Кенҷаев, Сафаров дигар нарӯйанд.

    Бегоҳи дар хонаи раис то дер арақ нӯшида суҳбат карданд ва раис хушнудона хабар дод ки  насиб бошад фардо кори худамон сар мешавад, зеро нерӯҳои Фронти халқӣ ба деҳа медароянд. Амирқули Султонқул орзуи деринашро ба раис баён намуд ки муллою ришдоронро ба ихтёри ӯ гузоранд, то онҳоро ӯ бо дасти худ паронад. Раис хандида гуфт ки насиб бошад амаки Амирқул орзуятонба мерасед. Муллою ришдорон он тараф истад, демократу растохезашам дар ихтёри шумо мегузорем. Он шаб мамнун аз таъсири шаробу наздикшавии Фронти халқӣ ба хонааш баргашт.

   Пагоҳи садои доду фарёд ӯро аз хоб бедор сохт, нахуст гумон кард ки онро дар хобаш шунидааст, аммо садо хомӯш намегашт. Зуд либосашро пӯшида берун баромад. Зану келинаш ва занҳои ҳамсояро дид ки доду фиғон  доштанд. Мӯйсафеди ҳамсоя хабар дод ки писарашро парондаанд. Дунё ба назари Амирқули Султонқул торик гашт.

-Кадом золим писари маро куштааст?

Ӯ меларзид. Ба ӯ фаҳмонданд ки нерӯҳои Фронти халқӣ ин субҳ ба тоза кардани деҳа оғоз намуданд ва дар рӯихаташон номи писари ӯ низ будааст аз хобаш хезонида ба идора бурданд, чанде пеш хабар расид ки ӯро паронданд. Амирқули Султонқул худро ба хона зада бо милтиқ берун шуд. Ҳамсояҳо ӯро аз роҳаш гардонидани шуданд, вале ба гап касе аҳмият надода ба самти идора шитофт. Дар назди идора танку БМП меистод. Дар як самт  часадҳо мехуфтанду  дар самти дигар раису нукаронаш меистоданд. Раис Амирқули Султонқулро дида худро ба нодони зад. Силоҳбадастон бо ҳам маслихат доштанд. Пирамарди милтиқдор дида хомӯшона ба ҳамдигар нигариста монданд. Сарварашон  қадаме ба пеш гузошта аз раис пурсид:
- Ин девонаи аҷалаш расида кӣ?

-Даҳонатро пӯш сагбача! Ман аъзои партия аз соли 1937 Амирқули Султонқул...

Суханаш интиҳо наёфта садои тир баланд шуд. Чашмаш торик шуду замини зери пояш фурӯ рафт.

 

                        Ҳабиб Саид, соли 1993, шаҳри Бишкек
















 






Комментариев нет:

Отправить комментарий