вторник, 4 июня 2024 г.

Машинае, ки сарозер ба ҷарӣ рафт

(Ҳикоя)

   Уазик чун бод гардишҳоро сипарӣ намуда поён мефаромад. Ронандаю ҳамсафонаш аз таъсири шаробу  нашъа хешро ин сонияҳо шер тасаввур мекарданд. Суръати машина кайфиятро меафзуд.

   Баҳри Маҳина дар иҳотаи ворисони бӯйгуну ифлоси Чингиз нишастан нафратангезу тоқатфарсо буд, вале чун асир аз ин халқаи бӯйгин имкони фирорро надошт. Пас аз он ки таёраҳои Каримов деҳаи онҳоро бомбаборон намуда ба валангор табдил доданду лақайҳо, ӯзбекҳои регарӣ, калтатойҳо, тоҷикони бародаркуш вориди деҳа гашта мардумро ба теғ кашиданд, бобояшро чун мулло ба сутуни масҷид баста тирборон карданд, модару додарҷаҳояшро ба самти ноъмалум бурданд, туркон ӯ ва чанд духтари дигарро  байни хеш тақсим карданд. Маҳинаро сарвари лақайҳо Қушқор интихоб бинмуда ба сарбозонаш фармуд, ки Маҳинаро ба қароргоҳаш баранд. Маҳина, гарчанде, ки ин гуфтугӯйи  ғализро намефаҳмид, вале аз равиши сухан дарк кард туркон чанд духтари тоҷикро бешарафу писаронро таҷовузу ахта кардаанд. Ҳар яке мекушид зинокории  хешро чун қаҳрамононӣ ба намоиш гузорад. Ронанда ситош намуд, ки аз 7 то 70 солаша санҷида дид. Агар ихтёр дар дасташ мебуд ҳамаи мардонро ахта мекард, то ин миллати падарлаънат худ аз худ нобуд мешуд, то кӯлобию хуҷандӣ, ҳисорию айнигӣ мақсади авлоди Амир Темура мефаҳмад, ки тухми тоҷик нобуд мешавад. Регару Шаҳритусу Қабодиёна пурра тоза кардем, то баҳора Ғарму Бадахшонам тоза мекунем.

Лақайи дар паҳлуи ронанда нишаста гуфт ки Сангак мақсадамонро пай бурдагӣ барин, вақтҳои охир барои тоҷикони ба Афғонистон гурехта гапашон бо Файзиалӣ напӯхта истодааст.

-Аз дасти як тоҷик чи мебёд? Чи хеле ки бардоштем ҳамон тавр фароварда дар ҷояш мемонем. Тоҷика ҳамеша сар занӣ ҳам, ягонтеш тарафи ҳамдигарро намегиранд. Мо дар ин ҷо тоҷика нест карда истодаем, тамоми вилояти Ленинобод ин ғалабаи ҳокимияти конститутсионӣ гуфта қарсак зада  тоҷиккушонро қаҳрамони миллӣ мехонанд. Ба ҷойи Сангакаш – Сафаралӣ, Дӯстов  ё ягон арӯсаки дигарро мемонему корро пеш мебарем. Каримов худаш медонад, ки ин аблаҳонро чи хел нест кунад.

Лақайи дар пас нишаста илова кард, ки - худашонро одами доно метарошанду, вале дар асл маруми содаву ниҳоят зудбовару ноаҳл буданд. Ҳокимияти нав саросар дар дасти одамони Каримов ба мансаб шинонда асту, қариб ки тоҷикӣ тозеш нест, вале аблаҳон инро дар ҳама ҷо чун ҳокимияти  конститутсионӣ тоҷик  муаррифӣ менамоянд.

- Парво накун бадахшонию гармию мастҷоҳеш нест кунем, дигаронаш ҳунари ҷангиданро надорад, баъд камтар вақт мебини ки ихтёран худро дар паспорт ӯзбек менависанд.

-Қандаша хӯрад Набиюф мӯйсафед ин аҳмақоро ҷанг андохту ҳозир дар шаҳраш  майишат карда гаштааст. Мӯйсафед одами худамо буд ягон қоғаза бе маслиҳати одамони Каримов имзо намекард – илова кард лақайи дар пеши Маҳина нишаста. Лақайи дар паси ронанда нишаста ба самти Маҳина нигариста, магар суҳбати сиёсӣ ба дилаш зад мӣ.

-Чӣ ин селочкая бардошта мегардем мӣ? Ҳамакаса як кайф карда гирем баъд бурда месупорем. Қушқор аз кучо  мефаҳмад, ки ин кори мо.

- Хобатро ба об гӯй! Кали Эрмат дар Шаҳритуз духтари ба амонат супоридаи Қушқора вайрон карда гумон кард ки ҳеҷ кас намефаҳмад. Қушқор Эрмата дар ҷояш паронд.

- Қушқорам номардӣ кард. Барои як духтар шуда бачая паронд. Ҳар рӯз садтеша меёбад. Ҳаминаш ягон моҳ нигоҳ медорад ё не баъд ягон наёмникба мефӯрушад. Аз Қурған гирифтагеша ким кадом  корейсба фурӯхт ку?

-Ҳозир милиардер шудагист. Қариб 200 мошину 1000 қолин фурӯхт. Тиллоу пулу, духтарҳои фурӯхтагеш  ҳисоб надорад. Ҷанг тамом шавад Каримов ё ҳокими Бадахшон  ё Қаротигин таъин мекунад. Абдуллоҷонову командаш  аз пасаш почо-почо гуфта давида мегарданд. Баъд аз Файзалию Иззат насиб бошад Қушқор  полковник мешавад, ду сол пас мебинӣ ки генералу вазири мудофаи Тоҷикистон шуд. Дина як боевики кӯлобӣ  гуфт ки барои мо аз тоҷикӣ  қаротегинию помирӣ, лақайо роҳбар шаванд ҳазор бор беҳтар.

 Баҳри Маҳина  шунидани сафсатагӯӣ чингиззодагон тоқатфарсою нафратангез буданд. Ӯ  ин ин сонияҳо аз Худо илтиҷо мекард, ҷони ӯро бигираду  нагузорад, ки туъмаи ҳайвонсифатон гардад. Худоҷон! Худоҷон! Худоҷон! Ҷонамро бигиру аз шармандагӣ наҷотам бидеҳ!

   Нохост машина ба гардиши тезе баромад, ки зераш фиғонкунон дарё равон буд. Маҳина чун паланг ҷаҳида аз гӯлуи ронада гирифт Машин равишашро гум карда бо чингиззодагон сарозер ба даруни  амвоҷи фиғонкунанда фурӯ рафт.

 

            Ҳабиб Саид , соли 1993,  деҳаи Новосакмарск - Урали Ҷанубӣ
















Комментариев нет:

Отправить комментарий