вторник, 4 июня 2024 г.

Таджики на выход

(Ҳикоя) 

   Троллейбуси пур аз мусофирон нолишкунон баландиро мебаромад. Гарчанде ки ақрабаки соат ба се наздик меомад, шаҳр барқосо холӣ мешуд. Даҳшат мардумро сӯи манзилашон мебурд. Ҳамагон хомӯшу нобоварона ба ҳамдигар менигаристанду мекушиданд ҳамсухан нашаванд. Ронада бо туркию русӣ гӯшрас мекард, - фаромад аз дари пешу роҳкироро бармаҳал омода созанд. Ӯ бори аввал мешунид ки дар нақлиёт истгоҳҳоро ба туркӣ эълон менамоянд. Аз дил гузаронд, ки ин қадамҳои нахустин ба самти туркунонии тоҷикон ва хоинону туркон ин хунрезиву қатли омро маҳз баҳри туркунони тоҷикон созмон доданд. Ин шаҳр дигар пушту паноҳи тоҷик нест, он ба ҷавлонгоҳи туркону славянҳо, хоинони миллат табдил меёбад. Пас аз ҳар эълон дар симои туркону славянҳо табассуми ноаёни хушнудӣ падид меомад. Дар чорроҳа силоҳдорон троллейбусро боздоштанд.Чашмтанги мазангандоме ба кабина зада даромада садоафзоро аз дасти ронанда гирифта:   -Таджики на выход! Узбеки русские остаются на месте.

Фирорие дар иҳотаи қубурҳо

(Ҳикоя)

   Поезд нолон пардаи шабро дарон пеш медавид.Аз сардӣ ба хеш печида андаруни қубури азиме дароз кашида буд. Қоғазпораю кардонҳои намнокро аз таги вагон ғундошта зераш андохт, вале он ваъзро сабук сохта натавонист. Сиҳат саломат сарҳадро убур бинмояд сипас паноҳгоҳашро иваз хоҳад бинмуд. Поезд тадриҷан  суръаташро мефаровард ин далели наздикшавии истгоҳ буд. Агар ӯ  аз ин истгоҳ- қатлгоҳи даҳшатафкан, ки сари бисёре аз тоҷиконро ба бод дода буд, мегузашт он тарафаш монеъҳои бузурге вуҷуд надошт, зеро дар ин истгоҳ каллабурон ғармиву бадахшонӣ ва дигар тоҷикони ба пантуркистон номақбулро нобуд мекарданд. Аз сурохии хурди девори вагон, ки зиндонашро бо ҷаҳони ғайр мепайваст берунро аз назар гузаронд. Аввалин биноҳое, ки истгоҳро иҳота намуданд аён гаштанд. Силоҳбадастони зиёде дар перон  сайру гашт доштанду гурӯҳе дар атрофи гулхан дасту пойҳояшро гарм мекарданд. Лаҳзае ки поезд бозистод ҳама ба самти вагонҳо давиданд. Гуфтугузору дашномаҳои туркию русӣ ба гӯш мерасиданд. Аз тарсу ҳарос дар баданаш раъша давид. Садои ғижирроси сангмайдаву гомпартои силоҳбадастон ба гӯш расид. Касе бозистод. Сонияе пас дарк бисохт, ки ӯ ба вагон часпида баромад. Ҳис кард ки сонияҳои вопасин даррасиданд. Рӯшнои чароғи дастӣ дохили вагонро такорӯ мекард.

Машинае, ки сарозер ба ҷарӣ рафт

(Ҳикоя)

   Уазик чун бод гардишҳоро сипарӣ намуда поён мефаромад. Ронандаю ҳамсафонаш аз таъсири шаробу  нашъа хешро ин сонияҳо шер тасаввур мекарданд. Суръати машина кайфиятро меафзуд.

   Баҳри Маҳина дар иҳотаи ворисони бӯйгуну ифлоси Чингиз нишастан нафратангезу тоқатфарсо буд, вале чун асир аз ин халқаи бӯйгин имкони фирорро надошт. Пас аз он ки таёраҳои Каримов деҳаи онҳоро бомбаборон намуда ба валангор табдил доданду лақайҳо, ӯзбекҳои регарӣ, калтатойҳо, тоҷикони бародаркуш вориди деҳа гашта мардумро ба теғ кашиданд, бобояшро чун мулло ба сутуни масҷид баста тирборон карданд, модару додарҷаҳояшро ба самти ноъмалум бурданд, туркон ӯ ва чанд духтари дигарро  байни хеш тақсим карданд. Маҳинаро сарвари лақайҳо Қушқор интихоб бинмуда ба сарбозонаш фармуд, ки Маҳинаро ба қароргоҳаш баранд. Маҳина, гарчанде, ки ин гуфтугӯйи  ғализро намефаҳмид, вале аз равиши сухан дарк кард туркон чанд духтари тоҷикро бешарафу писаронро таҷовузу ахта кардаанд. Ҳар яке мекушид зинокории  хешро чун қаҳрамононӣ ба намоиш гузорад. Ронанда ситош намуд, ки аз 7 то 70 солаша санҷида дид. Агар ихтёр дар дасташ мебуд ҳамаи мардонро ахта мекард, то ин миллати падарлаънат худ аз худ нобуд мешуд, то кӯлобию хуҷандӣ, ҳисорию айнигӣ мақсади авлоди Амир Темура мефаҳмад, ки тухми тоҷик нобуд мешавад. Регару Шаҳритусу Қабодиёна пурра тоза кардем, то баҳора Ғарму Бадахшонам тоза мекунем.

Тоҷике дар иҳотаи туркон

(Ҳикоя)

   Камаз бо суръат роҳи морпечро ба пас мегузошт. Силоҳбадастон намоишкорона ба атроф дида медухтанд, аммо деҳаҳои сари роҳ холиву валангор буданд. Ҷо-ҷо ҷасадҳои вайроншуда ба назар мерасид. Сарвари дастаро ӯзбаки регарӣ ба зимма дошт, зуд-зуд ба нукаронаш бо туркӣ фармонҳо медод. Ӯ ягона тоҷике буд дар иҳотаи туркони ба ҷанг раванда. Дар махаллашон ҳамагӣ ду оилаи тоҷик мезист. Оилаи нахустин писари калонсол надошт, бинбобарин андоз месупорид ва ӯ аз оилаи дуюм ягона писари имкони ба дасташ силоҳгириро дошт, ки ду моҳ пеш аз армия баргашта буду ногузир дар набардҳо ширкат меварзид, вагарна онҳоро  сарнавишти тоҷикони ғармӣ интизор буд.

понедельник, 3 июня 2024 г.

Писарчае дар шаҳри хунполо

(Ҳикоя) 

   Чун ҷунуни гом мезад. Гуруснагию хастагӣ роҳпаймоиро сония ба сония душвортару имконнопазиртар месохт. Билохир болои замини нам нишаст, пойҳояш месӯхтанд. – Худоё, оё падару модарашро зинда меёфта бошад? Каллабурон бобоҷонашро баҳри мулло буданаш ба сутуни масҷид баста тирборон намуданд. Кунун деҳа валангор асту мардум ба самти кӯҳ фирор дорад. Ӯро низ бо худ бурданд, вале ӯ ноаён аз фирориён канда шуда роҳи шаҳрро пеш гирифт.

Кулоҳе, ки андар он саг пешоб сар дод

(Ҳикоя)

   Дар як лаҳзае аз кулбаи мулло ному нишон намонд, дару терезаҳоро канданд, булдозер дар фосилаи ночизе ҳамаро ба замин ҳамвор бисохт, гӯё дар ин ҷо ҳавлӣ набуд. Кадхудоро аз пойҳояш ба чормағз овехта зери шиганҷа бигирифтанд. Доду фарёди мулло ба силоҳбадастон кайфият  мебахшид. Билохир аз ин дилхушӣ хаста гашта худро зери дарахтон партофтанд. Фавран марди солхӯрдае бо зарфи шароб ҳозир шуд. Аз киссаҳои хилаташ стаканҳоро берун овард:

Чоҳкане дар зери чоҳ

(Ҳикоя)

   Пирамард ҳар пагоҳ пас аз шунидани хабарҳои охирин роҳи чойхонаи деҳаро пеш мегирифт. Мӯзаи афсарӣ, шими голифе, френҷ, кепка, чубуқ, мӯйлаб ва дастонашро ба пушт бурда гом партофтан ӯро бо Сталин умумияте амиқе мебахшид. Пирамард пайваста мекушид, ки монандиашро бо доҳӣ қавитар бисозад. Ӯро ниҳоят хуш мемомад ки дар дар пасаш Амирқули Султонқул нею Сталин ё Иосиф Вассириронович гуфта ном мегирифтанд. Бисёр вақт яке аз китобҳои доҳиёни сохтори коммунистиро бардошта мегашт. Ва ё рӯзномаи “Правда”-ро дар соқи мӯзааш зер мекард, перомуни шахсиятҳои муътабари

Саги Сироҷ аз деҳаи Янгиюли Боло

(Ҳикоя)

   Саги Сироҷ марди қавоқи  баддаҳону ардабаҷӯйи деҳаи Янгиюли Боло ҳисоб мешуд. Ӯро ҳама дар пасаш Санги Сироҷ ном мегирифтанд. Аммо рӯйдодҳои сиёсии кишвар ин фарди дар гӯшаи торику мағорзадаи ҷомеа ниҳонро барқосо ба пеш баровард.  Пас аз турктозии  Сафаралӣ Кенҷаев ба Душанбе водии Ҳисор ба ду ҷабҳаи даргиранда табдил ёфту каллабурони Фронти халқии Каримов-Кенҷаев-Сафаов деҳа ба деҳа гашта нерӯ гирд меоварданду демократу растохез ғармиёну исломиёнро ба машинаҳо андохта ба самти номаълум мебурданд.

суббота, 1 июня 2024 г.

Охирин бадахшонӣ

(Ҳикоя)

   Бинои фарсудаи сеқабата чун ҷазираи кучак аз шаҳр канор бимондааст. Саҳнаи ҳавли холиву нишонае аз зиндагиро дар худ надошт. Гурбаи лоғаре аз равзанаи таҳхона берун омада нориёзона атрофро аз назар гузаронду сару рӯяшро бо дастонаш молиш дода монд. Дар гӯшаи ҳавлӣ кулбаи похсагине ҷойгир буд, ки вазифаи масҷиди маҳалларо ба ҷой меовард, аммо пас аз турктозии сарбозони Фронти халқии Каримову Кенҷаев он ба валангоре табдил ёфт. Ҷасиди варамидаи пирамард имоми масҷид дар даромадгоҳ овезон меистод. Аз самти бино низ бӯйи ҷасадҳои вайроншуда ба  машом мезад. Даррҳо шикаставу во буданд. Бошандагон

Мулло дар шаҳрчаи кофирон

(Ҳикоя)

   Ӯ ҳар субҳ бо азони хеш шаҳрчаро аз хоб бедор месохт. Аксарият дашномкунон паҳлу мегаштанд, то боз ба олами хобҳои гуворо фурӯ раванд ё қисме нолон аз ҷой бармехостанд. Ҳангоме ки амри маъруф мекард, ҳамагон бо сарҳои хам ҳушу гӯш мешуданд, вале андар дил нисбаташ нафрат мепарвариданд. Ӯ рафтору кирдори гунаҳомехтаашонро зери тозиёна мегирифт. Ба моли бегонагону бечорагон даст наандозед. Ба зани ғайр дида надӯзед, буридаи ятимонро аз даҳонашон нарабоед, аз шаробу тарёк канор ҷӯед. Бо фосиқону нопокон ҳамнишин мабошед! Ойандаи хешро бинандешед, ки фардо назди Офаридгор чи посухе хохед дод...

четверг, 30 мая 2024 г.

 Марги "Дон Жуан"

(Ҳикоя)

   Бо азоби зиёде партобҳоро гирд оварда ба зарф рехт. Роҳи нафасашро чизе мегирифт. Арақи ҷабин ба самти даҳон шорида дар он таъми шуреро ба вуҷуд меовард. Миён, бозувон, ангуштон, гӯё дигар неруи заҳмат намуданро надоштанд, ҳамаашон баробар, чун забон як кардагон ба дард даромаданд. Хост лаҳзае истироҳат намояд, вале ҷойи нишаст набуд. Билохир сатили нимшикастаи чиркинеро ёфта бинишаст. Кисаҳои суроху дарбеҳзадаашро дуру дароз кофт ва ниҳоят аз гӯшае сигори зерхӯрдаи арзонбаҳоеро берун овард ва аз ин бозёфт дар ҷеҳрааш табассуми тифлонае шукуфт. Пас аз ду - се кашиш дар ҷисму рӯҳ сабукиеро ҳис намуд. Ҷавонзане зери чинорон бо писарчааш сайругашт дошт. Симояш шинос барин намуд. Ин ҷеҳраи дилкашро дар куҷо дидааст? Зан низ ба ӯ бо таҳаюр  дида дӯхт. Кӣ бошад? Чӣ гуна дилрабост?... Ҳамин лаҳза чизе ба сараш бархӯрда пош хӯрд. Дар як сония сару рӯй аз пасмондаҳои помидори тосидаву шавлау угрои шабмонда пур гардид. Бо дастони ифлос угроҳои овезонро аз назди чашмонаш дур сохт. Писарчаро дид, ки ӯро  ба модараш нишон дода  механдид. Зан аввал ин мазараро дида ба даҳшаит омад ва дар интиҳо хешро дошта натавониста низ хандид. Дарк накмуд, ки латтае дар сараш овезон истодааст, даст бурда  пойҷомаи кӯҳнаи занонаеро пеш овард. Аз ғазаб чун даррандаи захмингашта намедонист ба кӣ дарафтаду ғазабашро ба кадом самт равон созад. Ҳамин лаҳза мошинаи порукаш пайдо шуд. Ронанда  андоми аҷоибу ғароибро дида аз самими дил хандид.

Дафни "сиёсӣ"

(ҳикоя)

   Хуршед ба миёни гардун расида буд. Ҳарорати баланд нафаскашиву пахтачиниро сония ба сония душвортар месохт. Аксарият рӯйи пешдоманҳо нишаста, каме ҳам бошад, дамашонро рост менамуданд, вале мардони кӯлаҳпӯши химчабардастӣ дар атрофи пахтазор даврзанадаро дида дидан баробар, ба кор мепардохтанд. Кампир дарк намуд, ки дигар нерӯи ҳаракт намуданро надорад. Нафасаш мегирифт. Пойҳояш месӯхтанд. То ки посдорон ӯро набинанд, пешдоманашро зери сар гузошта лаби ҷӯй дароз кашид. Хаёлот ноаён ӯро ба олами дури рӯзгори гузашта бурд... Духтарчаи кучак аз паси баррачаҳо медавад, меафтад, боз мехезад,

среда, 29 мая 2024 г.

Ниқоргирандае дар бом ва ё зодрӯзи бо наҷосат даромехта

(Ҳикоя)

 

  Навои дилошӯб дар фазои толор танинандоз гардид. Нахустин соҳибчашнро шавҳараш ба рақс таклиф намуд, ин гомро дида дигарон низ ба саҳна баромаданд, то ҳунари худро нишон диҳанд. Камарҳои пурраи бонувонро пайи ҳам дастони мардон мепечониданд. Нафаре баногӯши дилбари худ суханҳои самимӣ мегуфт дуюмин аз ангезиши шароб сархуш, пардаи шарму ҳаёро ба самте гузошта зӯран мехост, ки маҳбубаашро дар назари умум бибӯсад, вале намояндагони ҷинси латиф, ки шуурашонро бо бода нисбатан камтар заҳролуд намудаанд, рафтору кирдорашонро хирад зери назорат гирифта буд. Кадбону дастони нафису булуринашро ба гардани барҷаставу мӯйзеркардаи соҳибаш халқа намуда ба фазои хаёлотҳои рангин фурӯ бирафт. Рӯзҳои аввалини шиносоиашон, бӯсаҳои пурҳарорат, савгандҳои самимӣ, сайругаштҳо то поси шаб, пешвозгирии хуршед субҳдам, тӯйи ҷамшедонаашон, шаби нахустин...

вторник, 28 мая 2024 г.

 Рӯзе, ки Табиат мегирист

(новелла)

   Чун шери жаён наъра мезад. Фиғон мекашид. Посгуно месохт. Ҳамчун ҷунунӣ гашта гӯр мекофт, решакан менамуд, пора мекард.

   Мерӯфт. Мебардошт. Мебурд. Мешикаст. Месӯхт...
   Бо зудии барқосо абри сияҳ симои хуршедро пӯшид. Фавран зулмоти ваҳмангез атрофро фаро гирифт. Дили кучаку оҷиз
ӣ инсон ин сонияҳо аз тарсу ҳарос берун ҷастан мехост. Лаҳзае пас ханҷари оташини барқ синаи абрро дарид. Аз пайкари захмдоршуда фавораҳои хунин ҷӯш мезаданд...
   Мешорид... Мешорид... Мешорид...
   Мегирист... Мегирист... Мегирист...

Буте, ки дил мехӯрд

(новелла)

 

   Пироҳани нафис пайкари саврандомро ба оғӯш кашида аз ин гӯё чун Маҷнуни ба висол расида хушнуду масрур аст. Ангуштони нозуки акобирона ба даҳони латиф оҳиста пораи дили бирёнро мегузорад, дандонҳои оҷмонанд сонияе пас ба пора намудани он мепардозанд. Симои дилрабову падидае аз ғаму андӯҳи дунявиро дар хеш таҷассум насохта дар лаҳзаи нахустини дидор касро афсун намуда хирадро карахт месозад ва он ҳине ки ба худ омада ба таҳлили ин шоҳкории табиат оғоз менамоед, шуморо даҳшати ниҳоние фаро мегираду дар бадан рашъа медавад. Ин эъҷози зиндаи даҳр дар чашмони наргиси шаҳло сардии нафратангезеро нисбати

 Садбарге, ки аёми сармо бишукуфт

(новелла)

 

   Садои зангула аз интиҳои дарс паём дод. Ӯ ҳамоно банди андешаву хаёлоти хеш менишаст. Норозиёна китобу дафтарҳояшро гирд оварда аз зери миз дипломатро берун кашид. Дохили он садбарги сафедеро дида дар шигифт бимонд. Бо таҳайюр синфро аз назар бигзаронд, бидуни ӯ касе набуд. Зери гул табрикномаи мусаввире мехобид:
"Бениҳоят мамнунам, ки Язди офаридгар ту барин инсонеро андар ин рӯзи саид офаридаст. Маҳинбону, ин садбарг дар сафеди дили покатро мемонаду андар назокату латофат низ туро. Хоҳони онам, ки табассумҳои дилфиреб лабонатро,

понедельник, 27 мая 2024 г.

 Одамсурате, ки субҳгоҳон пайдо шешавад

 (ҳикояи илмӣ - фантастикӣ)

   Торикии чашмногузарандае атрофро бо пардаи сияҳаш печонидааст. Борон бо як оҳанги маҳини ҳузноваре мерехт. Дурахши лаҳзагии барқ сонияе торикии фазои кӯҳу дараҳоро мешикофт.

   Гулхан бемадорона забон зада камарро андаке равшан месохт. Дуди ғализи ҳезуми тар барои худро ба берун гирифтан роҳ меҷуст. Аз паси қабатҳои тираи кабудчатоби дуд, ҷавони як паҳлу дароз кашида ба фикр фурӯрафтаро дарҳол пайхас намудан душвор буд. Риши теғ надида ҷеҳраашро ба назар калонсолтар вонамуд мекард. Абрӯвони сиёҳ, пешонии васеъ, бинии теғдори нафис, чашмони

Вопасин тоҷик аз сайёраи "Эҳёи маҳвгаштагон"

(ҳикояи тахайюлотӣ)

 

   Осорхонаи Фаноро гӯё интиҳо набуд. Дар он ҳайвоноту наботот, қавму миллатҳои маҳв гаштаро гирд овардаанд. Намоишгоҳи динозаврҳо ӯро бо шаҳомоти хеш мутаҳаййир сохт. Хост толори "Садаи вопасин"-ро сатҳӣ аз назар гузаронаду бадар биравад, зеро худро хаста ҳис мекард, вале дар сафи рустаниву парандагон марди ҷомаву тоқипӯшро дида ҳайрон шуд. Сатрҳои зери хӯса сабтшударо хонд:"Вопасин тоҷик". Яке аз он миллатҳое, ки дар рушду камоли тамаддуни инсоният нақши назаррасе бигузоштааст. Дар садаи вопасин, буҳронҳои иқтисодӣ, иҷтимоиву маънавии ҷомеа ба арши аъло расид ва ин миллат фано ёфт...

суббота, 25 мая 2024 г.

Аждарҳои кайҳонӣ аз саёраи "Аргус - 999"

(ҳикояи тахайюлотӣ)

   Кишти бо суръат пеш мерафт. Кайҳонавардони иронинаждод,- Бежани Бармакиён, Ромини Сосониён ин сафар бо хеш астронавтҳои фаронсавӣ - Морис де Руссел ва Жером Арно- ро бигирифтанд. Пас аз он ки бо фарансавиёну америкоиён, чопониёну олмониён саёраи ғайриоддии дорои мавҷҳои ноаёнро кафш намуданд, пажӯҳишҳои тӯлонӣ ба хулосае овард, ки шояд саёраи мазкур маркази интеллектуалии Каҳкашон асту равишу низомаш тавассути ин саёра идора шавад. Гарчанде, ки пажӯҳишҳо ба анҷом нарасида буданд, вале кайҳоннавардон бояд ба Замин бармегаштанд, зеро бӯронҳо оғоз ёфта имконияти кориро маҳдуд месохтанд.

Қасос

(ҳикояи ҳаҷвӣ)

   Дастони бону барин нафису латифашро пеши бар гирифта муддати тӯлоние кулбаро давр зад. Ногаҳ нигоҳаш ба китоби зебо ороишёфтаи рӯи миз афтод, фавран дар чашмони айёри обакиаш шӯълаи нафрат аланга зад. Оҳ, нокас! Ту дар инҷоӣ? Оё ту набудиӣ, ки маро эътироф намудан намехостӣ? Обатро ончунон ҷафам, ки аз ту саҳифаҳои холӣ монаду халос. Ин рӯзи саидро дер боз интизор будам, кунун он даррасид ва онро аз даст нахоҳам дод...

пятница, 24 мая 2024 г.

Яғмогарон ва "умри абадӣ"

(ҳикояи ҳаҷвӣ)

   Чароғро хомӯш сохту вориди бистар гашт. Завҷааш бо маром хуррок кашида фикру хаёлро пароканда месохт. Бо туппӣ бинии ҳамсарашро пӯшонд ва садои хурроккашӣ нисбатан пастар шуд. Андешаҳо боз ба фазои нахустин баргаштанд. Бале, ниҳоят дар сини панҷоҳунуҳсолагӣ мақсади ҳаёти хешро амалӣ намуд. Бо чӣ азобу шиканҷаҳо, хушомаду пешомадҳо, дастовезҳои гарону зиёфатҳои ҷамшедона фарзанди аз ҷон азизу ширинаш, китоби хотироту ашъораш - "Умри абадзиндаи ман - ифтихори миллати ман"-ро аз дасти чоп берун овард. Пас умри азизу пуршарафаш ройгон нарафтааст. Номи муборакаш абадан дар дафтари таърих бо

четверг, 23 мая 2024 г.

Пайкаре андар оғӯши маркабҳо

(ҳикояи ҳаҷвӣ)

   Айёме, ки дар гардуни беканорӣ адаб ситораи Ахтари Гардун фурӯзон бигашт, ҳарифону дӯстон чунин шаъну шукӯҳро чашмдор набуданд. Рӯзномаву маҷаллаҳо радиову телевизион пайваста перомуни нобиғаи ҳазораи вопасин - Ахтари Гардун ҳарф мезаданд, намоишҳои рангинро омода месохтанд. Аз чомеъаҳои хукпарварон оғоз намуда то занҳои пивонӯш ӯро узви фахрии созмонҳои хеш мехонданд. Баҳри таърих бо ӯ аксҳо мегирифтанд.

Каждум

(ҳикояи ҳаҷвӣ)

   Хонаро чароғи рӯи мизи хира равшан месохт, марди дар курсии нимдошту рангпарида нишаста дастони харобу нисбатан дарозашро пеши бар гирифта ба фикр фурӯ рафтааст. Рӯи дарози серожанг, абрӯвони ба косахонаи чашм хамида, чашмони хурди чун чашмони моҳӣ беҳаракат, мижаҳои тез-тез ба ҳамдигар бархӯранда, бинии дароз, даҳони чӯкида, манаҳи борик,- хуллас ҳамаи ин ҷузъиёти зоҳирӣ, касро фавран аз худ тела медод.

Дафн дар мазори даҳриён ё парвози каллаи хунин

(ҳикояи ҳаҷвӣ)


    Ҷасади кабудгаштаро соате пеш аз мурдахона оварда буданд, бо формалин омехта хостанд ба зарфи тунугагин ҷой бидиҳанд, вале аз он дараке набуд. Наздикону атрофиён бо симоҳои сарду чашмони хушк ба ҷасади даҳрии ашаддӣ, ки умри хешро баҳри маҳви дину диндорон фидо намудааст, нигариста аз маргаш афсӯс мехӯрданд. Билохир усто зарфро ҳозир намуд. Бо чашмони хуморӣ лаҳзае ба майит нигаҳ афканда ба сӯйи ҳозирон назари карахте намуд. Яке аз дӯстони раҳаматӣ зуд вазъиятро дарк намуда ба усто шарҳ дод, ки чӣ тур бояд мурдаро ба тобут бигзорад.

среда, 22 мая 2024 г.

Ҷаҳиш

(Ҳикояи ҳаҷвӣ)

   Завҷааш фарзанди хурдишро хобонду аз паси шустушӯ гардид. Кунун шароити баҳри кори эҷодӣ мувофиқе муҳаё гашт. Чатрро гирифта ба кӯча баромад, то каллашро аз фикру зикри ҳаёти рӯзмара, андешаҳои беохири зиндагӣ каме бошад ҳам, озод созад.

   Борони майдае мерехт. Дар куҷое хонда буд, ки ҳангоми борон илҳом ба ҷушу хурӯш меомадааст. Ва нозимону носирон дар чунин боду ҳаво қадам заданро меписандиданд. Шояд ин бегоҳи боронӣ он рӯзе гардад, ки дар саҳифаҳои таърихи адабиёт бо ҳар ҷузи майду ҷуйдааш сабт ёбаду аҳли тамаддун онро чун рӯзи  муқаддас пос доранд.
   Бо ҷеҳраи мулихулиёнаву ифодаи мамнуят дар чашмон хиёбонро давр зада баромад. Қасдан барин ягон шиносеро дучор нагашт, то вохӯрии пеш аз ҷаҳиши барқосоро барои наслҳои оянда дар хотир сабт бисозад ва онон бидонанд, ки он рӯзи нек чӣ рӯзе буд...

Устод Раҳнавардӣ Дарёгард - сардафтари адабиёти турк

(гротеск)

   Пас аз он ки устод Раҳнавардӣ Дарёгард баҳри романҳои истеҳсолиашон - "Сантехника ва робототехника", "Равғани мӯйлаб ва услубҳои истеҳсоли он", "Технологияи истеҳсоли чарби кенгуру", "Набарди чӯту компютер", "Ангиштканони динозаврсавор", "ВКП(б)+НКВД=Бародарони қиёматӣ", - ҷоизаи созмонҳои мухталиф - чармгарон, кадупарварон, шалғампарварон, морбозон, сагбозон, тимсоҳпарварон, бинидарозон, рӯдадарозон, носкашон, хабаркашон, шутурмурғсаворон, пивонӯшонро... соҳиб шуданд, аз ҳар тараф садоҳо баланд мешуд, ки - Устод, романе бинвисед, ки мукофоти Нобелро низ ба дом афтонад.

 "Ҳомо коммунистус" чӣ ҷондорест?

 (гротеск)

   Мӯҳтарам Ж.Э. шумо дар номаатон навиштед, ки ман коммунистаму ба кадом гурӯҳи одамӣ мансубам? Услуби саволро ба миён гузоштанатон мантиқан хатост. Зеро коммунистон зи аҷдодӣ одамӣ нестанд. Гарчанде, ки дар фосилаи эволюсияи 73 сола дар Иттиҳоди Шӯравӣ аз "ҳомо сапиенс" (одами бошуур) намуди ҷадиде бо номи мубораки "ҳомо советиус" арзи вуҷуд намуд, вале коммунистон ба ин гурӯҳ марбут наяанд. Табиатшиноси бузурги швед, Карл Линей дар осори машҳури илмиаш - "Системаи табиат" байни шипанзеву "ҳомо сапеиенс", "ҳомо троглодитес" яъне одами ғорӣ,- ғулро гузоштааст, ки иштибоҳи маҳз аст, зеро "ҳомо троглодитес" фавран ба одамӣ бошуур табдил наёфтааст.

вторник, 21 мая 2024 г.

 Соли 9999, ё афкори «падарони миллат»

(гротеск)

                                                Дӯстам Д. З. Ҳини сӯҳбате Шумо бигуфтед ки

                                                баҳри чӣ тоҷикон рӯҳияи озодпарастиро доро

                                                нестанд? Агар “падарони” ин миллат афкори

                                                ғуломонаю ҷаҳонбинии гедонистонаро чун

                                                барномаи ҳаётии хеш пазируфтанд, вой бар

                                                ҳоли тудае, ки зи паси онҳо равон аст! 

                                                Бикушидам, ки дар ин навиштаҷот он                     

                                                афкорро тасвир бинмоям. Шумо форсиро хуб

                                                медонед ва он микробро бе зарабин ҳам хоҳед дид.     

             

   Раискунанда бо ангуштонаш ба микрофон зада толорбудагонро зи олами хобҳои ширину гуворо берун биовард:

- Рафиқо, хобам бас будагист, болиштоя як сӯ монетону камтар кор кунем. О, рӯз бегаҳ шуд,тиливизорба чиза нишон метейем? Боз демократо нагун, ки коммунисто муфтхӯру ховолуди бисёра ҷам карден. Аз болои плон бояд мо масъалаи “Амали гардидани баъзе моддаҳои қонуни забони давлатия” дида мебуроем. Марҳамат, касое, ки фикру пешниҳод доран, ба микрофон наздик биён. Худотона шинос намудана а есотон набурод. Боз депутат Буйдимоғов барин ба ҷойи худотон занотона шинос накунетон.

понедельник, 20 мая 2024 г.

Графоманҳои як диёр

(гротеск)

   Соатҳои тӯлонӣ ба ойна менигаристу пешонаи мӯйзеркардаву чашмони беифодаву даҳони хурду дандонҳои бетартиб ҷойгиршудаашро, нишонаи хирадманди шаҳр медод ва дар ботинаш умеди ниҳонии адиб шудан дар туғён буд. Ақидаи комил дошт, ки барои адиб ҷуъзи аввалини ба зинаи шӯҳрат баранда намуди зоҳирист. Бинобар ҳамин, атри арзобаҳое, ки аз дӯкони деҳа ба даст меовард, ба ҷеҳраи нобиғонааш пошида боқимондааш ба гӯлӯяш мефаромад, то андешаҳои рангине, ки дар фазои тахайюлоти адибон зуҳур мекунад, дар сари ӯ ҳам қадам ранҷа бифармояд, мутаассифона ин лаҳзаҳо ба ғайр аз нияти меъдаро

«Сенатур аз Осиёи Миёна», ё номаи намояндаи Шӯрои Олӣ ба завҷааш

 (гротеск)

 

                             Мӯҳтарам Ж. Э., шумо ба чор тараф аз даҳонатон

                             кафк паронда, ҷор мезанед, ки корпуси депутатии

                             мо дорои интеллекти пуриқтидорест. Вале камина

                             ба шумо номаеро пешниҳод намуданиам, ки он

                             арзиши асили “интеллект”и вуҷуд надоштаро

                             собит месозад.

 

   Қурвоной хатата гирифта ҷудо димоғам ҷоқ шуд гу. Қарив ним сол шуд ки шумуҳона надидем. Либосвориҳои ройи кардагема фурӯхти мӣ, ё не? Ага фурӯхта боши чақонтар малахаша ройи кун, магазинчиҳои шиносба боз мол заказ кардам. А чизҳои гуфтагет: 5 туп чити хитой, 250 дона рӯмоли япон, 300 ҷуфт калӯш, 50 дона чойники калону 75 майда гирифтам. Мошинба боз ариза додам, ки секритар гуфт, ки ду мошин гирифтед ҳозирешба бас, боз ҷанҷол нахезад, камтар истед. Агар дилатон булдозири С 100, ё грейдер кашад, марҳамат номатона навбатба менависам. Фаҳм ки харидор бошад гирем, чуваки зарар намебинем. А пистаҳои

воскресенье, 19 мая 2024 г.

Ҷаласаи калӯшҳо

(Гротеск)

   Рафиқо коммунисто, пленуми фавқулодаи махфии калӯшдепутатҳоро оғоз менамоем. Имрӯз мо бояд масъалаи таъхирнопазири рӯз “Аҳмияти калӯш ва услубҳои фиреби омма”-ро дида буроем. Марҳамат, калӯшҳое, ки пешниҳод дошта бошанд фавран онро баён созанд, зеро вақти мо маҳдуд аст.

Калӯши нӯҳум: Рафиқо коммунисто, мо тавонистем, ки тавассути калӯш боз ба сари ҳокимият оем. Мо бояд ба калӯш ҳайкал гузорему совхозу колхозҳоямонро ба номаш монем. Ба шоиру нависандаҳоямон супориш диҳем, ки оиди калӯш достону румонҳо нависанду омӯзгорон онро ба барномаи мактабӣ дохил намуда, дар

суббота, 18 мая 2024 г.

Саллае андар каллаи қоқ

(гротеск)

   Мӯҳтарам Каннибал!Раёсат аз кирдори нангини шумо ғамгин аст. Марде, ки як лаби пояш ба гӯр расидааст, саллаю ҷома, маҳсиву калӯшро ба чор тараф ғурронда либосҳои низомиро пӯшида мастомаст ба кӯча мебарояд.” Ман генерали КГБ очаи зори демократу растохезаша нишон медиҳам” гуфта бо таппонча ба ҳаво тир холӣ менамояд. Мебинад, ки дар кӯча аллакай касе намондааст, ба парондани зоғҳо шурӯъ мекунад. Дид ки тирҳояш ба ҳадаф  нарасида истодааст, хари ҳамсояро, ки дар назди дарвоза бастаанд, ба нишон мегирад. Худоё! Ин чӣ аблаҳии гӯшношунида? Чекисти номӣ харро парондааст! Худо накунад ин бадномӣ ба

суббота, 11 мая 2024 г.

 Дастурамали махфӣ

 (гротеск)

   Рафиқи мӯҳтарам, М. К.! Номаатонро дӯстон ба ман расонданд. Лаҳзае, ки онро мехондам аз чашмонам ашк мешорид.Худоё! Чӣ рӯзҳои сангинеро ба сари мо – коммунистон овардӣ? То дирӯз мо ҳокими ин диёр будему имрӯз пинҳони аз мардум, дар мурғхонае пленуми фавқулоддаи худро мегузаронем. Ин рӯзҳои вазнин баҳри мо коммунистон абадӣ нестанд! Агар дар интихобот намоядаи худро ба курсии президентӣ шинонда тавонем, корди мо боз ба равған ғӯтид. Пленум танҳо масъалаи “Ваъзи кунунии коммунистон, интихоби  Раиси ҷумҳур”-ро дида, ба хулосае омад, ки чун пешвоямон Иличи Аъзам ҳамаи роҳҳои ба сари ҳокимият омаданро бояд истифода барем.